Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИЛЬ

МИЛЬ

milМИЛЬ Михаил Леоятьевич (22. 11. 1909, Иркутск —31. 1. 1970, Москва), олими советӣ, копструктори вертолётҳо, доктори илми техника (1945), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966). Аъзои КПСС аз соли 1943. Пас аз хатми Институти авиационии Новочеркаск (1931) дар Институти марказии аэрогидродинамикии (ЦАГИ) ба номи Н. Б. Жуковский кор кард. Солҳои 1936—43 инженер ва ҷонишини сарковструктори Бюрои конструктории (БК) таҷрибавӣ оид ба аппаратҳои винту болдор; 1943—47 корманди илмӣ ва баъд роҳбари лаборатория дар ЦАГИ. Соли 1947 сарконструктор ва аз 1964 конструктори генералии БК оид ба вертолётсозӣ. Таҳти роҳбарии Миль соли 1951 аввалин вертолёти сеҷояи сериягии МИ-1 ва минбаъд як қатор вертолётҳои дигар (Ми-2, -4, -6, -8, -10 К, В-12 ва ғ.) сохта шуданд. Бо вертолётҳои мазкур 60 рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Лayреати Мукофотҳои ленинӣ (1958) ва давлатии СССР (1968). Бо 3 ордени Ленин ва диг. ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …