Маълумоти охирин
Главная / Биология / МИКСОМИЦЕТҲО

МИКСОМИЦЕТҲО

miksomicetМИКСОМИЦЕТҲО (Myxomycctn; аз юн. туха — луоб ва mykes — занбурӯғ), организмҳои занбурӯғ симои бехлорофил. Қариб 400 намуд доранд; бештари онҳо космополит (ҳама ҷой паҳншуда) мебошанд. Фазаи вегетативиашон диплоидӣ, дар наму­ди массаи бисёрядрогии протоплазмӣ — плазмодия (андозаашон аз якчанд мм то 1 м) аст. Миксомицетҳо аз ҳисоби спораҳо меафзоянд. Онҳо ода­тан дар чӯби пӯсида ё боқимондаҳои наботот, дар ҷангалҳо ва ҷойҳои намнок инкишоф меёбанд. Аксари Миксомицетҳо сапрофитод баъзеашон ангезандаи бемориҳои растаниҳои боғӣ (мас., ногари карам) мебошанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …