Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МИКРОМЕТР

МИКРОМЕТР

mikrometrМИКРОМЕТР (аз микро… ва метр) асбоби андозагирест, ки механизми табдилдиҳандаи он винту гайка мебошанд. Микрометрро фақат барои бо у су­ли мутлақи коптактӣ чен кардани андозаҳои хаттӣ истифода мебаранд. Кори Микрометр ба ҷойивазкунии винт қад- қади меҳвар (ҳангоми дар гайкаи ноҷунбон чарх занондани он) асос ёфтааст. Ҷойивазкунӣ ба кунҷи гардиши винт дар гирди меҳвар вобаста аст (расм). Гардишҳои пурраи винтро мувофиқи нишондоди шкалаи рӯи дастаи Микрометр ва гардишҳои нопурраро мувофиқи нишондоди шкалаи даврии рӯи устувона (барабан) ҳисоб мекунанд. Ба сабаби душвории сохтани винтҳое, ки деталҳои дарозро саҳеҳ чен карда метавонанд, ҷойивазкунии оптималии винт дар гайка аз 25 мм зиёд нест. Бинобар ин Микрометрҳоро вобаста ба андозаҳои ченшаванда якчанд навъ (барои чен кардани дарозиҳои аз 0 то 25 мм, аз 25 то 50 мм ва ғ.) месозанд. Маснуоти ченшавандаро байни ҳамвориҳои ченкунандаи Микрометр марҳам меку­нанд. Ҳар як қадами винт одатан ба 5 6 1 мм баробар аст ва мувофиқан қимати тақсимоти шкалаи рӯи даста ба 0,5 в 1 мм баробар мебошаду шкалаи устувона 50 б 100 тақсимот дорад (барои ҳисоб кардани 0,01 мм). Доимияти қувваи тазйиқи бай­ни деталу винтро олати фрикционии махсус — шақака таъмин мекунад. Микрометрҳо вобаста ба конструкция (шакли корпус ё часпак ва сатҳҳои ченкунанда) ё таъинот (ченкунии гарсии варақаҳо, дандонаҳои чархҳои дандонадор) ҳамворпошна, фашангдор, варақсанҷ, гулбасанҷ, рахпечсанҷ, дандонасанҷ мешаванд. Микрометрҳоро дар намудҳои дастӣ ва рӯимизӣ истеҳсол мекунанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …