Маълумоти охирин
Главная / Илм / МИКРОЭЛЕМЕНТҲО

МИКРОЭЛЕМЕНТҲО

mikroelementМИКРОЭЛЕМЕНТҲО злементҳои химиявиеро гӯянд. ки дар организм ба миқдори нам ба андозаи 10-— 10— вуҷуд доранд. Истилоҳи «Микроэлектронҳо»- ро инчунин барои ифодаи баъзе элементҳои химиявие, ки дар хок. Ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва об ҳастанд, истифода мебаранд. Дар организмҳои зинда зиёда аз 60 Микроэлектронҳо ба таркиби пайвастҳои фаъоли биологӣ (ферментҳо, витаминҳо, гормонҳо ва пигментҳои нафаскашӣ) дохил меша­ванд. Таъсири Микроэлектронҳо дар ин пайвастҳо ҳангоми тағйирёбии фаъодияти про­цессҳои мубодилаи модда, инкишоф (Мn, Zn, I — дар ҳайвонҳо; В. Мт. Zn. Си — дар растаниҳо), афзоиш (Мn, Zn — дар ҳайвонҳо; Мn, Си. Мо — дар растаниҳо), хунҳосилкунӣ (Fe, Си, Со) ва ғ. зоҳир мегарданд. Микроэлектронҳоро аз рӯи аҳамияти барои фаъ­оляити ҳаётии организм доштаашон ба Микроэлектронҳои зарурӣ (Со, Fe, Си. Zn. Мn F, Вг) ва на он қадар зарур (Al, Sr, Mo, Se, Ni) ҷудо мекунанд; роли Bi. Ag ва баъзе Микроэлектронҳои дигар. ки дар бофтаҳо ҳастанд, муайян нашуда­аст. Норасоӣ ё зиёдии Микроэлектронҳо дар растанӣ ва организми ҳайвонот ба миқдори дар хок будаи онҳо вобаста аст.

дар организм нобаробар паҳн шу­даанд. Дар ягон узв барзиёд ҷамъ

шудани онҳо ба мақоми физиологии элементҳо ва фаъолияти хоси ҳамон узв вобаста аст. Миқдори Микроэлектронҳо дар узву бофтаҳо вобаста ба ҷой истиқомат, меъёри доимии хӯрок ва сабабҳои дигар тағйир меёбад. Характеристикаи асосии физиологӣ ва гигиении Микроэлектронҳои муҳимтарин дар ҷадвал нишон дода шудааст.

Микроэлектронҳо дар тиб нисбатан кам истифода мешавад. Вале препаратҳои Со, Fe, Си барои муолиҷаи баъзе намудҳои анемия, Вг, 1 чун моддаи фармако­логӣ, баъзе Микроэлектронҳо дар гигиена (мас., ба­рои пешгирии ҷоғари эндемӣ) ва ғ. ҳарҷониба истифода мешаванд. Микроэлектронҳо ба организми одам асосан тавассути маҳсулоти хӯрокӣ роҳ меёбанд.

Олимони Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ки ба бемориҳои гипертонӣ, ишемияи дил ва атеросклероз нисбат ба сокинони маҳалҳои дигар камтар гирифтор шудани сокинони Помир ба миқдори Микроэлектронҳои дар организми онҳо буда вобаста аст. Мас., концентрацияи Fe, Са, Ti дар хуни сокинони Душанбе нисбат ба концентрацияи ин Микроэлектронҳо дар хуни сокинони Хоруғ бештар аст. Баръакс кон­центрацияи Zn, V, Ag дар хуни сокинони маҳалҳои кӯҳӣ афзунтар аст. Ба дараҷаи муайян мувофиқат кардани миқдори Микроэлектронҳои дар хуни одам ва компонентҳои хоки биосфераи Тоҷикистон бударо ин маълумотҳо тасдиқ мекунанд.

Ад.: Бала Ю. М., Лифшиц В. М., Микроэлементы в клинике внутреиных болезней. Воронеж, 1973; Ковальски В В. В.. Геохимическая экология, М., 1974; Микроэлементы в медицине. Д., 1975.

И. Е. Бобохоҷаев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …