Маълумоти охирин

МЕТЕРЛИНК

meterlinkМЕТЕРЛИНК (Maeterlinck) Морис (29. 8. 1862, Гент —5. 5. 1949, Ницца, Фравцвя), нависандаи бельгиягӣ, намояндаи символизм. Аз соли 1896 дар Франция зиндагӣ карда, асарҳояшро ба забони франсавӣ навиштааст. Асарҳои давраи аввалаш (Маҷм., шеърҳои «Гармхонаҳо», 1889;

пьесаафсонаи «Шоҳдухтар Мален», 1889; пьесаҳои якпардагии «Занаки нохонда», «Кӯрон», ҳар ду 1890; драмаи «Пелеас ва Мелисанда», 1892 ва ғ.) асарҳоеанд, ки афкори муаллиф дар онҳо пардапӯшона, бо рамзу ишорат ифода ёфтааст. Дар драмаҳои «Ҳамшира Беатриса» (1900), «Монна Ванна» (1902), «Мӯъҷизаи «Ҳазрати Антоний» (1903) тамоюлоти реалистӣ ва оҳангҳои иҷтимоии эҷодиёти М. зоҳир шудаанд. Нуқтаи олии эҷодиёти Метерлинк пьеса» манзуми «Мурғи кабуд» (1905) мебошад, ки дар равияи афсонаҳои халқӣ эҷод шуда, бар зидди офатҳои табиат, қаҳтӣ ва ҷанг ғолиб омадани инсонро тасвир менамояд. Ин асар аз соли 1908 ин ҷониб дар репертуари Театри бадеии Москва ҷой дорад. Соли 1975 дар асоси «Мурғи кабуд» ходимони кинои СССР ва ШМА якҷоя фильме таҳия карданд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ публицистикаи Метерлинк ба муқобили милитаризми Германия нигаронда шуда буд. Метерлинк дар асарҳое, ки солҳои охир офаридааст, аз гузориши масъалаҳои иҷтимоӣ канораҷӯӣ кардааст. Пьесаҳои гуманистии солҳои 1896—1918-и адиб ба репертуари театрҳои ҷаҳон дохил шудаанд. Метерлинк— лауреати Мукофоти нобелӣ (1911).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …