Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАЗАБОН

МЕТАЗАБОН

МЕТАЗАБОН (аз мета… ва забон), яке аз мафҳумҳои асосии мантиқ ва забоншиносии назариявии ҳозира, бо ки барои таҳқиқи мубоҳисаҳои гуногуни мантами математикӣ, инчунин забонҳои мухталифи табиӣ барои тасвири муносибатҳои байни забонҳои «савияҳои» гуногун, тавсифи муносибатҳои байни забонҳои таҳқиқшаванда ва воқеияти дар онҳо мунъақисшуда истифода мешавад. Бо ёрии Метазабон таркиби иборавии забон-объект, исботи теоремаҳо доир ба хосиятҳои ифодавӣ ва шояд дедуктивии он ва теоремаҳо доир ба муносибати ин забон ба забонҳои диг. омӯхта мешаванд. Худи мафҳуми «Метазабон» дар ҷараёни омӯзиши забонҳои шаклӣ, яъне муносибатҳое, ки дар зимни мантиқӣ математикӣ мураттаб сохта мешаванд, ташаккул ёфтаасг. М., бар хилофи забонҳои шаклии предметӣ, дар ин ҳолатҳо одатан забони оддии табиист. Аниқтараш дар дараҷаи муайян бо унсурҳои забони табиӣ маҳдуд гардонида мешавад, ки онҳо аз ҳамагуна унсурҳои  забони оддӣ — мафҳумҳои духӯра, «метафизикӣ», метафордо ва ғ озоданд. Дар айни ҳол худи Метазабон бо шаклӣ ва новобаста ба предмети тадқиқот шуда метавонад, ки бо ёрии воситаҳои метазабонӣ амалӣ гардонда мешаванд. Бо вуҷуди ҳамаи ин чун воситаи тадқиқи назариявии забонҳои шаклӣ бояд, ба забони предметии худ «камбагидгар» набошад ва назар ба он ибораҳои мукаммалтари «мантиқӣ»-ро истифода барад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …