Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕТАСТРОНГИЛЁЗ

МЕТАСТРОНГИЛЁЗ

metastrongilyozМЕТАСТРОНГИЛЁЗ, як навъ касалии киҷҷагист, ки ба он асосан хук гирифтор мешавад. Метастронгилёзро нематодаҳое, ки дар бронхҳои хук (баъзан саг ва одам) паразитӣ мекунанд, ба вуҷуд меоранд. Хук бо Метастронгилёз асосан ҳангоми хӯрдани кирмҳои лойхӯраки касал сироят меёбад. Ба Метастронгилёз бештар хукбачаҳои 6—8-моҳа гирифтор мешаванд. Ҳайвони касал месулфад, нафасгириаш душвор, худаш лоғар гашта, калон намешавад ва мемирад. Барои муолиҷаи Метастронгилёз маҳлули обии йод, дитразин, цианацетогидразинро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …