Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕТАНАЗАРИЯ

МЕТАНАЗАРИЯ

metanazariyaМЕТАНАЗАРИЯ (аз мета… ва наварил), назарияест, ки таркиб, аслу усул ва хосиятҳои ягон назарияи дигарро таҳлил мекунад. Аслан ҳар як соҳаи илм — хоҳ он дедуктивӣ бошад ва хоҳ ғайрвдедуктивӣ — Метаназария дошта метавонад. Вале ҳоло истилоҳи Метаназарияро асосан нисбат ба илмҳои дедуктивӣ — математика (метаматематика), мантиқ (метамантиқ) ва он қисматҳои табиатшиносӣ ва фанҳои дигаре, ки математикаро истифода менамоянд (аз қабили лингвистика), ба кор мебаранд. Мафҳуми Метаназарияро бори нахуст Д. Гильберт пешниҳод кардааст. Ӯ бо ёрии назарияи нави буҳронҳо (метаматематика), математикаи классикиро асоснок кардан мехост. Дар инкишофи Метаназарияи математика К. Гёдел, С. Клини, Р. Карнап низ ҳиссаи калон доранд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …