Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МЕРКУРЬЕВ Василий Васильевич

МЕРКУРЬЕВ Василий Васильевич

merkurevМЕРКУРЬЕВ Василий Васильевич (6. 4. 1904, ш. Остров, ҳозира вил. Пеков— 12. 5. 1978, Ленинград), актёр ва педагоги советии рус. Арт. Халқии СССР (1960). Аъзои КПСС аз соли 1948. Бори аввал соли 1920 дар саҳнаи театри ш. Остров баромад кардааст. Соли 1926 Институти санъати саҳнавии Ленинградро хатм намуда, солҳои 1928— 37 дар Театри маҳорати актёрии Ленинград таҳти роҳбарии Л. С. Вивьен ва аз с. 1937 дар Театри драмаи ба номи А. С. Пушкин Ленинград кор кард. Беҳтарин ролҳои саҳнавиаш: Максимов («Барои онҳое, ки дар баҳранд»-и Б. А. Лавренёв), Меньшиков («Пётри 1»-и А. Н. Толстой), Бортников («Мавҷи баланд»-и Г. Е. Николаева), Прокофьев («Фарзанди аср»-н И. П. Куприявов), Мальволио («Шаби дувоздаҳум»-и У. Шекспир) ва р. Офариниши тимсолу нақшҳои ҷозиб дар кино ба фаъолияти минбаъдаи ӯ таъсири мусбат расонд. Ролҳои ӯ дар кино: Сташков («Аъзои ҳукумат», 1940), Ҷангалбон («Золушка», 1947), Нестратов («Дӯстони қарин», 1954), Фёдор Иванович («Парвози турнаҳо», 1957), Костязмак («Серёжа», 1960) хеле диққатангез баромадаанд. Роли Журавлёв аз фильми «Даъват» (истеҳсоли студияи «Тоҷикфильм», 1966) аз қабили ролҳои намоёни ӯст. Аз с. 1932 дар Ин-ти театри, мусиқӣ ва кинематографии ш. Ленинград дарс гуфтааст (проф. аз 1950). Лауреати мукофотҳои давлатии СССР (1947, 1949, 1952). Бо 2 орден ва диг. медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …