Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕНДЕЛИЗМ

МЕНДЕЛИЗМ

mendelizmМЕНДЕЛИЗМ, таълимотест дар бораи қонуниятн ирсият, ки ба илми генетика асос гузоштааст. Пайдоиши Мендилизмро ба тасдиқ гардидани (1900) тадқиқотҳои Г. Мендель дар бораи қонунияти аз як насл ба насли дигар гузаштани аломатҳои ирсӣ вобаста мекунанд. То Мендель (а.18) низ навъҳои нави набототи дурагаро ба вуҷуд оварда, дар ирсият мавҷуд будани қонунияти муайянро мушоҳида карда буданд. Мас., олими немис И. Кёльрёйтер ҳангоми дурагакунии растаниҳо аломатҳои якхела доштани дурагаҳои насли аввал ва дар дурагаҳои минбаъда пайдо шудани аломатҳои падарӣ ва модариро мушоҳида намуд. Вале ӯ ин ҳодисаро нодуруст маънидод кард, Ҳодисаи дар наслҳои дурага нест шудан ва минбаъд боз пайдо шудани аломатҳоро боғбони англис Т. Э. Найт низ мушоҳида карда буд. Дертар ин ҳодисаро Мендель ҳангоми омӯхтани дурагаҳои нахуд (Pisura sativum) мушоҳида карда, дар асоси маълумотҳои ба даст овардааш қонуни ирсиятро кашф намуд.

Ӯ нишон дод, ки омилҳои ирсӣ алоҳида вуҷуд дошта, ҳангоми дурагакунӣ нест ҳам намешаванд, пайваст ҳам намешаванд. Аммо дар вақти дурагакунии ду намуди аломатҳояш аз ҳамдигар фарқкунанда (мас., тухми сабз ва зард) дар дурагаҳои насли аввал фақат якеи ин аломатҳо (доминантӣ) ва дар дурагаҳои наслҳои минбаъда аломати дигар (рецессивӣ — нестшуда) зоҳир мегарданд. Мендель доимият ва ба ҳамдигар вобаста набудани омилҳои ирсиро на фақат дар таҷриба исбот кард, балки тақдир ва муносибатҳои миқдории онҳоро дар типҳои гуногуни дурагакунӣ тадқиқ намуд. Вай инчунин қонунияти миқдории якҷояшавӣ (комбинация)-и аломатҳоро ҳангоми дурагакунии навъҳое, ки на бо як ҷуфти аломатҳо, балки бо ду ва ё зиёда ҷуфти аломатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, омӯхта, «қонуни ягонаи комбинацияи аломатҳои аз ҳамдигар фарқкуманда»-ро дарёфт. Аз рӯи ин қонуни аломатҳо» (элементҳои) ирсӣ ба ҳамаи  пайвастшавие, ки мувофиқи қоидаи комбинация имконпазир аст, дохил шуда метавонанд. Ба ақидаи Моздель асоси ин қонуният процессе мебошанд, ки ҳангоми ҳосилшавии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ содир мегарданд. Вале ӯ механизми дар ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба амал омадани ин қонуниятро пурра фаҳмида натавонист. Моҳияти ин ҳодиса фақат дар асоси тасаввуроти ҳозира оид ба процессҳои тақсимшавии ҳуҷайра (мига), бавоярасии ҳуҷайраҳои чинсӣ (ледоз) ва назарияи хромосомии прекят (Т. X. Морган) ошкор гардид. Қонунияти пайвасти генҳо ва кроссингонер, ки Морган ва ҳамкорони ӯ муайян карданд, механизми китологии қонунҳои Менделро ҳарҷониба шарҳ дод ва асоси генетикии назарияи интихоби табиӣ гардид.

С-ҳои 30 а. 20 генетика ва асоси он Мендилизм барои дарвинизм таҳкурсӣ мустаҳкам гардиданд. Мендилизм генетика ва дарвинизмро муттаҳид намуда, таълимоти эволюциониро бой гapдонид. Номуттасилӣ ва бефосилагии ирсият тағйирпазирии организмҳоро таъмин менамояд. Дар баробари ин ба вуҷуд омадани фарқи генетикӣ ва рекомбинацияи онҳо дар гетерозиготҳо (ҳуҷайра ё организме, ки дар маҷмӯи ирсиашон генҳои ҳархела доранд) тағйрёбандагии генетикиро таъмин мекунанд. Дар эволюция он қонунияти генетикие аҳамият дорад, ки дар он фарқи ирсии байни фардҳо дар популяцияҳои организмҳои ваҳшӣ зоҳир мегардад. Дар ин маврид фардҳои мутавтӣ (организмҳои аломатҳои ирсиашон тағйирёфта) ҳолатҳоеро истифода мебаранд, ки ҳаёт ва наслдиҳии онҳоро таъмин менамоянд. Ин принципҳои нав барои ҳалли масъалаҳои мушкили дарвинизм кӯмак расонид ва ба кор карда баромадани таълимот оид ба процессҳои микроэволюция имконият дод. Мендилизм асоси назариявии методҳои ҳозираи селекцияи микроорганизмҳо, растаниҳои боғӣ ва ҳайвоноти хонагӣ буда, ба ривоҷу равнақи генетикаи тиббӣ мусоидат мекунад.

Ад.: Гайсинович A. G., Зарождекие геньтики. М., 1967.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …