Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МЕХЧАГУЛ

МЕХЧАГУЛ

МЕХЧАГУЛ, ниг. Мехак. мехчаобак, як навъ ангуон миёнсолӣ. Селекцияи халқӣ. Асосан дар p-ни Конибодоми РСС Тоҷикистон ва районҳои вил. Фарғонаи РСС Ӯзбекистон парвариш меёбад. Тоқаш тезсабз, 46—45% -и навдаҳояш ҳосилдеҳ. Баргаш миёна, мудаввар, 5-парра, гулаш дуҷинса, хӯшааш миёна ва калони зич, 330—450 г. Донааш калон ва миёна, байзашакл, сершираю ширнӣ, пӯсташ тунуки шаффоф, 2—Э Дона тухм (вазни 100-тоаш 3,8 г) дорад. Баъди пухтан сабзи сафедтоб иешавад, 13,0—23% қанд ва 3,0—5 г/л туршӣ дорад. М. сармотобовар аз серҳосил буда, дар нишебиҳо, заминҳои санглоху офтобрӯя нағз месабзад. Даври нашваш 140—150 рӯз. Май гул карда, аввали дек. мепазад. Ба ҳисоби миёна 90—110 ц/га ҳосил медиҳад. М.-ро асосан барои тархӯрӣ ва майкашӣ истифода мебаранд. Ьештар аз сел зарар мебинад.

Ад: Ампелография СССР, т. 2, М., 1965

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …