Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕЙЁ

МЕЙЁ

meyyoМЕЙЁ (Meillet) Антуан (11. 11. 1866, Мулен — 21. 9. 1936, Шатомейан), забоншиноси франсавӣ, аъзои Акад. катибаҳо (1924) ва як қатор академияю ҷамъиятҳои илмии хо­риҷӣ, аъзо-корр. АФ Петербург (1906). Дар Университети Сорбонна таҳсил кардааст. Профессори Мактаби амалии донишҳои олӣ (1891) ва Коллеж де Франс (Коллечи Франция) (1906). Аъзо (1889) ва котиби (1906—36) Ҷамъияти забоншиносони Париж.

Мейё пайрави Ф. де Соеюр ва сарвари мактаби забоншиносии социологӣ буд. Асарҳои асосиаш оид ба забоншиносии муқоисавии ҳиндуевропоӣ, инчунин баъзе оилаҳои забонҳо— славянӣ, германӣ, эронӣ ва забонҳои лотинӣ, юнонӣ, арманӣ, хеттӣ ва ғ. навишта шудаанд. Мейё ҳамроҳи М. Қозӣ китоби «Забонҳои ҷаҳон»-ро ба табъ расондааст (нашри 2, 1952). Дар омӯзиши забонҳои эронӣ низ саҳме дорад: «Грамматикаи забони форсии қадим» (1915). Ба китоби Р. Готьо (1876—1916) «Очерки грамматикаи суғдӣ» (1914-21) навишта аст.

Ос.: Введение в сравнительное изтчнекие индоевропейских языков, М. 1951.

Ш. Мухторов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …