«МЕҲРГОНИ ХУРД» ( — Ҷашн, тантанаи хурд), Меҳргони хурдак, 1) аз сурудҳои мавсимию маросимии қадимии форс-тоҷик, ки Борбади Марвӣ барои ҷашворони Хусрави Парвиз эҷод кардааст. 2) Яке аз гӯшаҳост дар таркиби «Дувоздаҳмақом». 3) Шӯъбаест дар таркиби «Понздаҳмақом», ки онро бештар «меҳргони борбадӣ» ва «меҳргони шоҳӣ» меномидаанд.