Маълумоти охирин
Главная / Илм / МЕДНИКОВ

МЕДНИКОВ

nophotoМЕДНИКОВ Николай Александро­вич (14. 3. 1855, Петербург — 26. 10. 1918, Старый Крим), арабшиноси рус. Соли 1887 факултетти забонҳои шарқи Университети Петербургро хатм кард. Аз соли 1890 приватдоцент, аз 1903 профессори Университети Петербург, аз соли 1902 доктори забони арабӣ. Медник ҳамчун олими арабшинос асосан бо монографияи ҷилдаи худ «Фаластин аз давраи забти арабҳо то юришҳои салибдорон мувофиқи сарчашмаҳои арабӣ» машҳур аст. Ҷилди 1 тадқиқоти муфассали ахбороти муаррихону географҳои арабзабони асрҳои миёнаро оид ба Сурия, Лубнон, Фаластин ва қисман Мисри асрҳои 7—11 дар бар мегирад. Дар ҷилдҳои 2 ва 3 тарҷу­маи русии матни хабарҳо дар Ҷ- 4 илова тафсироти махсус, шарҳҳо гирд омадаанд.

Асари Медник маълумотномаи мукаммал ва муътабарест доир ба таърих ва географияи мамлакатҳои арабӣ Шарқи Наздик дар ибтидои асрҳои миёна. Медник муаллифи чанд мақолаю дастурнома оид ба омӯзиши забо­ни арабист.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …