Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Мавлонҷар

Мавлонҷар

МАВЛОНҶАР ё худ “Мавлонҷари поён” – деҳаест дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пештар дар колохози «Ленинизм» мутаалиқ буд. Аз Мавлонҷар то маркази ноҳия ва стансияи роҳи оҳан «Хонакоҳ» 9 километри роҳи асфалтпӯш аст.

МАВЛОНҶАР ё худ "Мавлонҷари поён"

Аҳолии Мавлонҷар зиёда аз 2000 нафар буда асосан тоҷикон мебошанд. Мактаби 8 – сола ва мағозаву масҷид, тарабхона ва бозори фуруши чорво (рузи якшанбе як маротиба) дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, гулпарварӣ ва чорводорӣ аст. Заминҳои Мавлонҷар аз дарёи Хонакоҳ обёрӣ карда мешаванд. Деҳаро инчунин бо номи «Мавлонҷари поён»  номгирӣ мекунанд.

МАВЛОНҶАР ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …