Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАВЛОНБЕКОВ Бобобек

МАВЛОНБЕКОВ Бобобек

nophotoМАВЛОНБЕКОВ Бобобек (1895, Хуҷанд — 1959), революционер, ходими давлатӣ ва партиявии советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1920. Солҳои 1910—20 дар почта—телеграфи ш. Хуҷанд аввал коргари оддӣ ва баъд хизматчӣ шуда кор кард. Солҳои 1921—23 коркуни органҳои Комиссияи фавқулоддаи умумироссиягӣ. Иштирокчии фаъоли муборизаи зидди дастаҳои босмачиёни қурбошиҳо Амонқул Туякбоев, Қабул Мирзобоев, Холбута, Турдибой дар уезди Хуҷанду Ӯротеппа. Солҳои 1924—25 раиси Совети Хуҷанд ва аъзои Комитети уездии партия, 1925—27 комиссари халқии корҳои дохилии РСС Ӯзбекистон, 1927—30 комиссари халқии таъминоти социалии РСС Ӯзбекистон Солҳои минбаъда Мавлонбеков дар Ӯзбекистану Тоҷикистон як қатор вазифаҳои масъулиятноки давлатию хоҷагиро адо кардааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1957) мукофотонида шудааст. Яке аз кӯчаҳои ш. Ленинобод ба номи ӯ мебошад.

Ғ. Ҳайдаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …