Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Манқишлоқ

Манқишлоқ

МАНҚИШЛОҚ  (Мангыстауская область ба забони руссӣ ва ё ба забони қаз. Маңғыстау облысы), вилоятест дар ҳайати Қазоқистон. Санаи 20.3.1973 ташкил шудааст ва масоҳаташ 166,6 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Аҳолиаш 154 ҳазор нафар (2015), қазокҳо, русҳо, украинҳо, тоторҳо ва ғайра мезистанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 0,92 нафар дар 1-ҳазор километри муррабаъ мебошад ва шаҳриён 91,1% -и ононанд. Манқишлоқ иборат аз 3 шаҳр ва 12 итш аст. Шаҳрҳо: Ақтау (Шевченко), Новый Узеп, Форт-Шевченко. Марказаш — шаҳри Ақтау .

Манқишлоқ

Манқишлоқ дар ҷанубу ғарби Қазоқистон, шарқтари баҳри Каспий, дар ҳудуди пастии Назди Каспий ва қисми ғарбии пуштакӯҳи Устюрт воқест. Сатҳаш асосан ҳамвор, 40-40 хамиҳои аз сатҳи баҳр паст дорад. Пуштакӯҳи Манқишлоқ дар қисми марказии вилоят воқеъ гардида, аз Ҷанубу Шарқ бо пастии Қаринҷариқ (70 метр аз соҳили баҳр паст) иҳота шудааст. Дар қисми шимолу ғарбии он майдонҳои васеи шӯрзамин вусъат ёфтаанд.

Сарватҳои зеризаминиаш: нефт, гази табиӣ (ноҳияҳои газу нефтдори Манқишлоқ), ангишти бӯр, фосфорит, сангӣ бинокорӣ. Иқлимаш ниҳоят хушк. Ҳарораташ миёнаи январи —3—4° С, июль 26—27 С. Боришоти солона дар ҷануб 100—110 мм ва дар Шимоли 150—160 мм. Дарёҳои доимӣ, надорад. Қисми зиёди терр. Манқишлоқ аз явшову шӯразор ва баъзан буттазорҳо иборат. Сатҳи ин ҷойҳоро бурхок, ҷо-ҷо шӯрхоку регзорҳо пӯшонидаанд.

Аз ҳайвонот гург, рӯбоҳ, сайгак, хояндаҳои бисёр, аз парранда дуғдоғ, стрепет ва ғайра ҳастанд. Дар баҳри Каспий бошад тюлень, тосмоҳӣ, суфрамоҳӣ, зағорамоҳӣ, кефал, вобла ва ғайра ҳастанд.

ш. Ақтау
Сурати ш. Ақтау

Соҳаҳои асосии саноат: содироти нефту газ, сайди моҳӣ ва коркарди он. Баъди кашф шудани сарватҳои бои зеризаминӣ дар Манқишлоқ (соли 1960) корхонаҳои саноати вазнин сохта шуданд. Манбаи асосии энергетвкаи вилоят стансияи электрии Шевченко мебошад, ки он аз энергияи атом истифода мебарад. Қариб тамоми корхонаҳо дар Шевченко, Новый Узев, Форт-Шевченко ва посёлкаи ба вай наздики Баутино гирд оварда шудаанд. Дар Форт-Шевченко корхонаҳои коркарди моҳӣ, дар Новый Узев аводи коркарди газ амал мекунанд. Аз ҳудуди вилоят газопроводи Узев — Гурев—Куйбышев ва газопроводи «Осиёи Миёна — Марказ» мегузарад. Дар Шевченко заводи массаҳои пластикӣ ҳаст.

Соҳаи асосии хоҷагии қишлоқ— чорводорӣ. Дар наздикии чашмаҳою чоҳҳои артезианӣ қитъаҳои хурд-хурди полиз ва обчакорӣ воқеанд. Соли 1990 вилоят 582 ҳазор cap гӯсфанд, 42 ҳазор cap шутур, 23 ҳазор cap асп дошт. Тӯли роҳи оҳан тақрибан 700 км.. Роҳҳои калон: Макат—Бейвеу—Шевченко — Новый Узень ва Бейнеу—Қунғурот. Тӯли роҳи мошингард 2028  километр аст. Шевченкоро роҳи ҳавоӣ бо Москва, Гурев, Алмаато ва дигар шаҳрҳо мепайвандад. Роҳи обӣ аз баҳри Каспий мегузарад.

ХАРИТА

Солҳои охири шшӯърави  80 мактаби маълумоти умумӣ, 5 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 84 китобхонаи оммавӣ, Музеи ёдгории Т. Г. Шевчевко, 55 клуб дошт. 30 муассисаи табобатӣ дошт, ки дар онҳо 590 нафар духтур кор мекард (ба 0,4 ҳазор нафар 1 духтур). Газетаҳои вилоятӣ: «Огни Мангышлака» (аз 1967 ин ҷониб) нашр мешавад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …