МАНӢ – ин моеии аз ҷондорҳои нарина ҳосилшаванда, ки ба забони русӣ «сперма» мегӯянд ва аз забони юнонӣ «sperma» гирифта шуда маънояш «тухм» мебошад. Манӣ ин моеъи сафедчатоби ғализ, ки мардон ва ҳайвонҳои нарина, одатан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ мебароранд.
Маниҳо сафеда (аз он ҷумла ферментҳо, нуқлеопротеидҳо), липид, ангиштоб, витамин, простагландин, намакҳои натрий, калий, калций ва дигар моддаҳои органикӣ ва ноорганикӣ дорад. Маниҳо дар арафаи балоғат пайдо шуда, дар давраи балоғат ба ҳадди эътидол ҳосил мегардад, дар давраи пирӣ бошад, кам мешавад. Дар аксари ҳайвонҳои бемуҳра ва баъзе ҳайвонҳои муҳрадор (моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, бисёрии паррандаҳо ва ширхӯрҳо) Маниҳо мавсим ба мавсим ҳосил мешавад.
Дар баъзе ҳолатҳои патологии организм Маниҳо нутфа надорад (азооспермия, аспермия) ё миқдори нутфаи он кам мешавад (олигоспермия), нутфаҳои мавтшуда (некроспермия) ва ё аномалӣ (тератоспермия) дорад. Маниҳо барои муайян кардани сабаби безурётӣ, инчунин дар амалияи экспертизаи судии тиббӣ тадқиқ мекунанд. Муқаррар кардани сифат, роҳҳои нигоҳ доштан ва усулҳои гирифтани Маниҳо барои бордоркунии сунъии ҳайвонҳои хоҷагии қишлоқ аҳамияти калон дорад.