Маълумоти охирин

Манган

МАНГАН (аз лотинӣ Manganum) – элементи химиявии гурӯҳи VII системаи даврии Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазнини сафеди нуқратоб. Як изотопи собит (55Мп) ва ду изотопи сунъӣ (82Мп, 5вМп) дорад. Манганро якумин маротиба олими швед Ганс (1774) дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. Манган 0,1 %-и қишри Заминро ташкил мекунад. Ба таркиби бисьёр минералҳо, силикатҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешавад. Аз минералҳои Манган пиролюзит (МпОг), псиломелан, браунит (ЗМп20з  MnSiO*) ва манганит (Мп2Оэ  НаО) васеъ паҳн шудаанд. Зичиаш 7200—7400 кг/м3; t гуд. 1245° С; t ҷӯш. 2150° С. Дар пайвастҳояш аз 2 то 7 (мусбат) валента мебошад. Бо афзудани дараҷаи оксидшавӣ хосияти кислотавӣ ва оксидкунандагии пайвастҳои Манган зиёд мешавад.

МанганПайвастҳои Манган (II) барқароркунандаҳо мебошанд. Оксиди Манган (II) хосияти асосро дорад. Дар об ва ишқор ҳал намешавад, дар кислота ҳалшаванда аст. Гидроксиди Манган Мп(ОН)3— моддаи сафеди дар об ҳалшаванда. Пайвастҳои Мп (IV) хо­сияти оксид (а) ва барқароркунандагӣ (б) доранд:

МпОа+4НС1 = МпС12+С1а+2Н20 (а) ЗМп02Ч-КСЮз + 6КОН = ЗКаМп04 + + КС1 + ЗН*0

Оксиди Мп (IV) ва гидроксиди Манган Мп (ОН)ч дар об ҳал намешаванд ва хосияти амфотерӣ доранд. Намакҳои типи К4Мп04 манганитҳо номида мешаванд. Аз пайвастҳои Мп (VI) кислотаи манганат ва намакҳои он — манганатҳо характерноканд. Кислотаи перманганат, ангидриди перманганат ва перманганатҳо пайвастҳои муҳими Мп (VII) мебошанд.

Манганро дар саноат бо усулҳои элект­ролиз, алюминотермия ва электро­термия ҳосил мекунанд. Манган ва пайвастҳои онро дар истеҳсоли пӯлод ва дигар хӯлаҳо, андудаҳои зангназананда, элементҳои гальванӣ, шиша, сафол, саноати рангубор, полиграфӣ, инчунин дар тиб (мас., перманганати калий ва ғ.) ва хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …