Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Манфиат

Манфиат

МАНФИАТ – аз забони арабӣ гирифта шуда маънои «фоида» ё  «суди иҷтимоӣ», дорад ва бештар ба соҳои иқтисодию иҷтимои мутаалиқ аст. Ба забони руссӣ Манфиатро асосан ҳамчун «Интерес» ё «Благо» тарҷума мешавад.

Манфиат
Сурати созиши тарафайн барои гирифтани Манфиат

Манфиат категорияи иҷтимоӣ, ки сабаб ва тарзи муносибати интихобии субъектро нисбат ба объект, ҷараёни мақсад, диққату хоҳиш ва ҳаракатро ифода мекунад. Материалистони томарксистӣ (К. А. Гелвеций, П. Голбах, Д. Дидро) барои аз мавқеи Манфиат шарҳ додани ҳаёти ҷамъиятӣ кӯшидаанд. Онҳо Манфиатро асоси реалии ахлоқ, сиёсат ва сохти ҷамъиятӣ медонистанд. Назарияи ҳақиқатан илмии Манфиатро асосгузорони коммунизми илмӣ офаридаанд. Манфиати иҷтимоӣ сабаби реалии фаъолияти иҷтимоии фард, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва синфҳо мебошад.

Манфиат характери объективӣ дошта, дар фаъолияти амалии одамони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва коллективҳои меҳнатӣ зуҳур меёбад. Манфиат ба ин ё он шакли муносибатҳои ҳукмрони иқтисодии ҷамъият вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Манфиат фардӣ ё гурӯҳӣ, коллективӣ ё синфӣ, умумимиллӣ ё халқӣ буда метавонад. Аз рӯи хусусияти зоҳиршавии худ Манфиат асосӣ ва ғайриасосӣ, давомдор ва муваққатӣ, дур ва наздик, ғаразнок ва беғараз мешавад. Манфиати ҳар як табақаи ҷамъиятиро на шуур, балки мақоми дар системаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ доштаи он муайян мекунад.

Дар ҷамъияти синфию антагонистӣ, ки он ҷо воситаҳои истеҳсолот моликияти хусусии синфҳои ҳукмрон мебошад, дар байни синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ Манфиатҳои оштинопазир вуҷуд дорад. Аз рӯи мазмуну маромми Ҷамъиятӣ аз ҳар гуна Манфиатҳои дигар Манфиати синфи прогрессивӣ аз Манфиати синфи иртиҷоӣ, Манфиати коллектив аз Манфиати гурӯҳҳои иҷтимоӣ, Манфиати гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар навбати худ аз Манфиати шахсӣ боло меистад. Манфиат инчунин иқтисодӣ, сиёсӣ ва маъвавӣ мешавад. Манфиати иқтисодӣ асосӣ мебошад. Социализм моликияти хусусиро бар воситаҳои истеҳсолот барҳам дода дар ин асос ба антагониами ҳама гуна шаклҳои Манфиати ҷамъиятӣ ба таври абадӣ хотима медиҳад, барои ташаккули манфиатҳои умумиҷамъиятӣ заминаи сифатан нав ҳам меорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …