Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Манфиат

Манфиат

МАНФИАТ – аз забони араби гирифта шуда маънои «фоида» ё  «суди ичтимои», дорад ва бештар ба сохои иктисодию ичтимои мутаалик аст. Ба забони русси Манфиатро асосан хамчун «Интерес» ё «Благо» тарчума мешавад.

Манфиат
Сурати созиши тарафайн барои гирифтани Манфиат

Манфиат категорияи ичтимои, ки сабаб ва тарзи муносибати интихобии субъектро нисбат ба объект, чараёни максад, диккату хохиш ва харакатро ифода мекунад. Материалистони томарксисти (К. А. Гелвеций, П. Голбах, Д. Дидро) барои аз мавкеи Манфиат шарх додани хаёти чамъияти кушидаанд. Онхо Манфиатро асоси реалии ахлок, сиёсат ва сохти чамъияти медонистанд. Назарияи хакикатан илмии Манфиатро асосгузорони коммунизми илми офаридаанд. Манфиати ичтимои сабаби реалии фаъолияти ичтимоии фард, гуруххои ичтимои ва синфхо мебошад.

Манфиат характери объективи дошта, дар фаъолияти амалии одамони алохида, гуруххои ичтимои, синфхо ва коллективхои мехнати зухур меёбад. Манфиат ба ин ё он шакли муносибатхои хукмрони иктисодии чамъият вобастаги дорад. Аз ин ру, Манфиат фарди ё гурухи, коллективи ё синфи, умумимилли ё халки буда метавонад. Аз руи хусусияти зохиршавии худ Манфиат асоси ва гайриасоси, давомдор ва муваккати, дур ва наздик, гаразнок ва бегараз мешавад. Манфиати хар як табакаи чамъиятиро на шуур, балки макоми дар системаи истехсолоти чамъияти доштаи он муайян мекунад.

Дар чамъияти синфию антагонисти, ки он чо воситахои истехсолот моликияти хусусии синфхои хукмрон мебошад, дар байни синфхо, гуруххои ичтимои Манфиатхои оштинопазир вучуд дорад. Аз руи мазмуну маромми Чамъияти аз хар гуна Манфиатхои дигар Манфиати синфи прогрессиви аз Манфиати синфи иртичои, Манфиати коллектив аз Манфиати гуруххои ичтимои, Манфиати гуруххои ичтимои дар навбати худ аз Манфиати шахси боло меистад. Манфиат инчунин иктисоди, сиёси ва маъвави мешавад. Манфиати иктисоди асоси мебошад. Социализм моликияти хусусиро бар воситахои истехсолот бархам дода дар ин асос ба антагониами хама гуна шаклхои Манфиати чамъияти ба таври абади хотима медихад, барои ташаккули манфиатхои умумичамъияти заминаи сифатан нав хам меорад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …