Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Мамалукҳо

Мамалукҳо

МАМЛУКҲО – ҷанговарони ғулом (аз ҷумлаи туркҳо, гурҷиҳо, черкасҳо ва дигар халқҳои Кавқоз дар Миср), ки аз онҳо навкарони ҳокимони сулолаи Айюбиён (солҳои 1171—1250) тайёр карда мешуданд.  Худи калимаи «Мамлук» аз забони арабӣ гирифта шуда маънояш «банда» ё «ғулом» мебошад.

Мамалук дар болои Асп
Расми Мамалук дар болои Асп

Дар таърих соли 1250 сипаҳсолорони Мамалукҳо Айюбиёнро сарнагун карда, ҳокимиятро ба даст гирифтанд. Ду сулолаи Мамалукҳо маълум аст аз ҷумла: Баҳрӣ (1250—1390) ва Бурҷӣ (1390—1517). Мамалукҳо (шумораашон 9—12 ҳазор нафар) тобеи 24 феодали калон буданд. Дар давраи ҳукмронии Мамалукҳо (асрҳои 13—14) низоми маъмурӣ ва обёрӣ таҷдид, санъат ва маданият равнақ ёфт. Солҳои 1516—17 султони Туркия Салими I, Сурия, Миср ва Фаластинро забт карда, ба ҳукмронии Мамалукҳо хотима гузошт. Мамалукҳои заминдор ба ҳокими турк хироҷ медоданд. Таназзули империяи Усмония (асри 18) имконият дод, ки ҳокимияти Мамалукҳо ва нав барқарор гардад. Асри 19 дар замони ҳукмронии Муҳаммадалӣ (1805—1948) дар Миср Мамалукҳои сарватманд несту нобуд карда шудаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …