Маълумоти охирин
Главная / Илм / Малака

Малака

МАЛАКА, тарзу усулҳои устуворӣ мустаҳкам гардида (автомати)-и иҷрои амал. Малака дар натиҷаи машқу такрори зиёд ҳосил мешавад. Малакаҳо ҳар қадар мукаммалтар шаванд, процесси кор ҳамон андоза самарабахш мегардад. Зеро шахсе, ки дар иҷрои ин ё он кор (рондани трактор, аз ёд кардани шеър, навиштани мақола ва ғ.) Малака пайдо кардааст, морро зуд ва ба осонӣ анҷом дода метавонад. Малака усули нави ҳаракат, чун дигар ҳаракатҳои мустақил, дар процесси кори бошуурона вусъат ёфта, дар натиҷаи такрори зиёд ба ҳаракати автоматӣ, яъне Малака, табдил меёбад.

malaka

Ҳарчӣ зудтар ҳосилшавии Малака ба синну сол, хусусиятҳои фардӣ, савияи дониш ва дигар омилҳо вобаста аст. Як Малака ба ҳосил шудани Малакаи дигар ёрӣ мерасонад, ки инро таъсири мусбати Малака мешуморанд. Малака, дар баъзе ҳолатҳо ба як Малака ҳосил гардида ин Малакаҳои дигар Малакаҳо мешавад, ки онро таъсири манфии Малака меноманд. Баъзе сабабҳо (беморӣ, хастагӣ ва ғ.), муддати дароз машқ накардан боиси аз байн рафтани Малака мегардад.

Даврахои ҷудогонаи пайдошавии Малакаи мутаҳаррикро психологи советӣ Н. А. Бернштейн дар асарҳои худ муфассал тадқиқ кардааст. Роҷеъ ба ташаккули мунтазами Малака дар асоси назарияи амалиёти ақлӣ қадамҳои аввалин гузошта шудааст. Малака дар кори таълиму тарбия низ аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …