Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Макаров Степан Осипович

Макаров Степан Осипович

МАКАРОВ Степан Осипович (8. 1. 1849, Николаев — 13. 4. 1904, назди Порт-Артур), лашкаркаши флоти рус, уқёнусшинос, тадқиқотчии қутб, киштисоз, вице-адмирал. Аз оилаи офицер. Баъди хатми омӯзишгоҳи баҳрӣ дар киштиҳои оскадран уқёнуси Ором (1865—67), флотҳои Балтика (1869—76) ва баҳри Сиёҳ (1876-79) хизмат кард.

makarov

Дар ҷанги байни Россия ва Туркия (1877—78) аввалин бор торпеда ва катерҳои минадорро истифода бурд. Солҳои 1981-82 гидрологияи гул. босфорро омӯхта, нахустин бор, қонунҳои ҳаракати ҷараёнҳо ва чуқурии ин гулӯгоҳро тадқиқ намуд. Солҳои 1886— 89 бо киштии «Витязь» ба саёҳати даври олам баромада, дар уқёнуси Ором оид ба уқёнусшиносӣ бисёр тадқиқот гузаронид.

Аз соли 1894 фармондеҳи эскадраи рус дар баҳри Миёназамин. Охири солҳои 90—асри 19 Макаров фикри дар байни яхҳои Атлантика шино намуданро пешниҳод кард ва лоиҳаи киштии яхшикани «Ермак»-ро кашид. Баъди сохта шудани он солҳои 1898—99 ду бор то Замина Франц-Иосиф сафар намуд. Аз 24 феврали 1904 фармондеҳи флоти уқёнуси, Ором. Ҳангоми ба минаи японҳо бархӯрдани каштии «Петропавловск» ҳалок гардид. Муаллифи тақрибан 50 асари калони илми оид ба кори ҳарбин бахрӣ ва уқёнусшиносӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …