Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАКЕЕВ Виктор Петрович

МАКЕЕВ Виктор Петрович

МАКЕЕВ Виктор Петрович (таваллуд 25. 10. 1924, посёлкаи ба номи С. М. Кирови pайони Коломнаи вилояти Москва, ҳоло тобеи ш. Москва), олими советӣ дар соҳаи механика, доктори илмҳои техника, профессор, акад. АФ СССР (1976; аъзо-корр. 1968), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1961, 1978).

МАКЕЕВ Виктор Петрович (Аъзои КПСС аз соли 1951. Соли 1948 Институти авиационии Москва, соли 1950 Курсҳои олии назди Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э. Бауманро хатм кард. Солҳои 1939—44 ва 1948— и 50 дар завдҳои саноати авиационӣ дар вазифаҳои нақшакаш, конструктор, инженер-конструктор, 1950—52 дар корҳои комсомолӣ буд.

Аз соли 1952 дар муассисаҳои илмии Вазорати мошинсозии умумӣ кор мекунад. Дар Съезди 24-уми КПСС номзад ба аъзои КМ КПСС ва дар Съезди 25-ум аъзои КМ КПСС интихоб шудааст. Депутати Совети Олии СССР даъватҳои 7—10). Лауреати Мукофоти ленинӣ (1958) ва Мукофоти  давлатии СССР (1968). Бо 4 ордени Ленин, ордени Революцияи Октябрь ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …