Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ

МАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ

mahrum-az-ozodiМАҲРУМ КАРДАН АЗ ОЗОДӢ, як навъи ҷазои ҷиноятиет; ҷинояткор маҷбуран аз ҷамъият ҷудо карда, дар ҷойҳои махсус — ҳабсхонаҳо нигоҳ дошта мешавад. Мувофиқи қонуни ҷиноятии советӣ ин ҷазоро фақат ба шахсе, ки бо ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста шудааст, таъин кардан мумкин аст. Маҳрум ба муддати аз 3 моҳ то 10 сол муқаррар шуда, барои ҷиноятҳои махсусан сахт (ҷиноятҳое, ки боиси оқибатҳои вазнин гардидаанд ва барои рецидивпетони хавфнок) мувофиқи қонун ба муддати то 15 сол таъин шудааст. Ба шахси ба балоғат нарасида, яъне касе, ки синнаш то содир кардани ҷиноят ба 18 нарасидааст, мӯҳлати Маҳрум аз 10 сол зиёд намешавад (моддаи 23 КҶ РСС Тоҷикистон). Қонунгузории дигар давлатҳои социалистӣ низ ҷазои Маҳрумро муқаррар кардааст. Дар қонунгузории аксар давлатҳои буржуазӣ ҷазои Маҳрум дарозмӯҳлат буда, дар баъзе мавридҳо бемӯҳлат мебошад (мас., дар Франция бемӯҳлат, дар ШМА Якумри).

М. Раҷаббеков,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …