Маълумоти охирин
Главная / Илм / МАГНЕТОХИМИЯ

МАГНЕТОХИМИЯ

magnetohimiaМАГНЕТОХИМИЯ, соҳаи химияи физикӣ, ки вобастагии байни хосиятҳои магнитӣ ва химиявии моддаҳоро меомӯзад. Усулҳои магнитӣ якҷоя бо дигар усулҳои тадқиқот дар ҳалли масъалаҳои сохт, характери банди химиявӣ, ҳолати валеитии элементҳо дар пайвастҳо, ассоциация ва полимеризацияи молекулаҳо ёрӣ мерасонад. Магнетохимияро дар омӯзиши катализи гетерогенӣ, диаграммаи ҳолат ва муайян намудани тозагии моддаҳо истифода мебаранд. Дар омӯзиши хосияти магнитии статистикии моддаҳо усулҳои резонансӣ, яъне омӯзиши сиектри резонанси магнитии ядроӣ (ЯМР), резонанси парамагнитии электронӣ (ЭПР) ва резонанси ферромагнитӣ низ васеъ истифода мешаванд. Усулҳои резонансӣ барои пурратар омӯхтани хусусиятҳои амиқи сохти моддаҳо, муайян кардани сохти амиқи дараҷаи энергетикии атомҳо ёрӣ мерасонанд.

У. Тӯраев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …