Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Маев Николай Александрович

Маев Николай Александрович

МАЕВ Николай Александрович (21.2.1835, Петербург—2. 1. 1896, хамон ҷо), муаррихи рус, муҳаққиқи Осиёи Миёна. Баъди хатми гимназия аз соли 1853 то 1863 дар хизмати ҳарбӣ буд. Солҳои 1861—68 дар журналҳои «Народное чтение», «Грамотей», «Мирский вестник», «Чтение для солдат» ва ғ. кор кард. Солҳои 1870— 92 аввалин муҳаррири рӯзномаи «Туркестанские ведомости» («Ведомостьҳои  Туркистон») буд. Маев иштирокчии чандин экспедпцияи тадқиқоти илмии Осиён Миёна буда, опд ба таърих, география ва этнографиии ин кишвар асарҳо навиштааст.

maev_nikolay-aleksandrovichСоли 1875 Экспедицияи махсуси Ҳисор бо сардории Маев аввалин маротиба географияи кишвари Бухорои Ҷанубу Шарқиро омӯхт. Таълифоти Маев «Очерки кишвари Ҳисор», «Маълумоти ҷуғрофии кишвари Ҳисор ва бекии Кӯлоб» ва ғ. ба забони русӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ведомостҳои Туркистон» чоп шуда, баъдтар дар шакли китоб бо номи «Маълумоти хонии Бухоро, кишвари Ҳисор, Кӯлоб ва соҳили Амударьё» дарҷ гардид.

Маев соли 1879 дар корҳои «Экспедицияи илмии Самара доир ба тадқиқи самти роҳи оҳани Осиёи Миёна ва ҳавзаи дарьёи Аму» иштирок дошт. Дар ин муддат ба Ҳиcop, Балҷувон, Кӯлоб,Қӯрғонтеппа, Қабодиён ва дигар бекиҳои Бухорои Шарқӣ сафар карда, маълумоти географӣ чамъ намуд. Маълумотҳои Маев оид ба омӯхтани таърихи Қалъаи Лагмон (дар Вахш), димнаи наздикии Балҷувон, харобаи Тахти Қубод ва дигар ёдгориҳои таърихӣ қимати калони илмӣ доранд.

Ас.: Географический очерк Гиссарского края и Кулябского бекства, «Изв. Русского географ, обва», Петербург, 1876, т. XII, М 4; Очерки Бухарского ханства, «Турк. ведомости» Я» 2—7, 10—14, 17, Ташкент, 1876. Ш. Юсуфов, Т. Наврузов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …