МАҶУСИИ АҲВОЗӢ Алӣ ибни Аббоси Маҷусеии Аҳвозӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 994), олими намоёни тибби асри 10 форс-тоҷик. Маҷусии Аҳвозӣ дар ш. Аҳвози Эрон таваллуд ёфта дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Baй доруҳоеро, ки дар Юнони Қадим номаълум буданд, омӯхта., таъсири онҳоро дар ҳайвоноти зинда санҷидааст. Маҷусии Аҳвозӣ муаллифи лкчанд асарҳои тиббӣ, яке аз асосгузорони фармакологияи таҷрибавии Шарқ мебошад. Аз асарҳои ӯ «Комил-ус-синоат», ки бо номи «Ал-Маликӣ» низ машҳур аст, қимати зиёди илмӣ дорад.
Ад.: Ковнер С., Истории арабской медицины. Киев. 1893; Капранов В. А., Раҳим Ҳошим, Ҳикмати асрҳо (Мунтахабот аз рисола ва луғатҳои Тибби қадим), Д.. 1975.
Т. Аҳмадов.