Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАҶЛИСИИ БУХОРОӢ

МАҶЛИСИИ БУХОРОӢ

nophotoМАҶЛИСИИ БУХОРОӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 16 ӯзбек. Дар охири асри 15 —нимаи аввали асри 16 умр ба cap бурдааст. Аслан аз Хоразм буда, бештари ҳаёташ дар Бухоро гузашта ва ба ӯзбекию тоҷикӣ шеър навиштааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар «Музак- кир-ул-аҳбоб» ӯро маҷлисоро ва ашъорашро хубу суханонашро марғуб, қасидаву ғазалҳояшро латиф гуфтааст. Аз Маҷлиси Бухороӣ бо унвони «Қиссаи Сайфулмулук» достони ишқию саргузаштие боқӣ мондааст, ки аз 2 ҳазор байт иборат буда, дар асо­си сюжети қиссаҳои «Ҳазору як шаб» ба ӯзбекӣ назм шудааст. Мавзӯи асосии достонро ишқу вафо, садоқат, дӯстию ягонагӣ, мардию қаҳрамонӣ ташкил медиҳад. Қаҳрамонони асосии достон — Сайфулмулук дар роҳи ишқ ва бахту саодат мубориза мебарад. Шоир зимнан подшоҳонро ба адолатпарварӣ, падаронро барои ба бахту саодати фарзандонашон ёрӣ расонидан даъват мекунад. Достон соли 1883 дар Қазон, соли 1916 дар Тошкент ба табъ расидааст.

У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …