Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАБЛАҒГУЗОРӢ

МАБЛАҒГУЗОРӢ

mablagguzoriМАБЛАҒГУЗОРӢ, сарфи меҳнат, захираҳои моддию техникӣ ва воситаҳои пулӣ барои такрористеҳсоли фондҳои асосӣ (ниг. Фондҳои асосӣ). Маблағгузорӣ шарти муҳими татбиқи комёбиҳои прогрессӣ илмию техникӣ ва таъмини суръати баланди такрористеҳсолӣ васей социалистӣ мебошад. Маблағгузорӣ аз ҳисоби фонди андухти даромади миллӣ ва қисми маблағҷудокунии амортизационӣ (бештар аз 40%-и маблағи умумӣ) амалӣ гардонида мешавад. Ҳангоми тартиб додани лоиҳаи планҳои хоҷагии халқ ҳамаи манбаъҳои аз пул таъминкунӣ — воситаҳои давлатӣ, корхонаю ташкилотҳои кооперативӣ, колхозҳо, аҳолӣ (сохтмони хонаҳои шахсӣ), бюҷети давлатӣ ва кредит ба ҳисоб гирифта шуда, ҳаҷми умумии Маблағгузориро муқаррар мекунанд. Муҳимтарин манбаи аз пуд таъминкунии Маблағгузорӣ фондҳои тараққии истеҳсолоту чорабиниҳои иҷтимоию маданӣ ва сохтмони манзилгоҳ аст. Натиҷаи асосии Маблағгузорӣ дар мӯҳлатҳои муайян ба кор андохтани фондҳои асосӣ мебошад. Дар СССР Маблағгузорӣ солҳои 1966—70 352 млрд сум буд. Барои солҳои 1971—75 ҳаҷми Маблағгузорӣ қариб 501,6 млрд сумро ташкил кард ва нисбат ба 1966—70 қариб 40% афзуд. Дар РСС Тоҷикистон. Маблағгузории солҳои 1971’—75 3 млрд 920 млн сумро ташкил кард. Вобаста аа вазифаҳои конкретӣ, таносуб дар тақсими Маблағгузорӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ тағйир меёбад. Съезди 26 КПСС боз ҳам беҳтар намудани некӯаҳволии халқи советӣ, афзунгардонии вазни қиёсии Маблағгузорӣ, истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ тараққии хоҷагии қишлоқро ҳамчун вазифаи асосии 5-солаи 11-ум муайян намуд. Дар РСС Тоҷикистон солҳои 1971—75 танҳо барои тараққии саноат 1 млрд 129 млн сум, барои хоҷагии қишлоқ 1 млрд 331 млн сум харҷ карда шуд. Яке аз вазифаҳои асосии иқтисодӣ баланд бардоштани самаранокии Маблағгузорӣ ва дар ин асос бештар ба даст овардани даромади миллӣ мебошад. Беҳтар намудани сифати лоиҳакашии объектҳо ва тараққии индустрияи сохтмон, концентрация, ихтисори мудлати сохтмон, дуруст ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкили илмии меҳнат омилҳои асосии иҷрои ин вазифа аст. Маблағгузорӣ дар мамлакатҳои капиталистӣ воситаи такрористеҳсоли капитали асосӣ буда, моблағ ба сомҳои истеҳсолот ба таври стихиявӣ, дар зери таъсири коныоктураи иқтисодӣ тақсим карда мешавад, ки ин барои боз ҳам тезу тунд гардидани зиддиятҳои системаи капиталистӣ сабаб мешавад.

Ад.: Хачатуров Т. С., Эноиомичиская эффективность капитальных вложений, М., 1964; Красовсний К, П,, Проблемы экономики капитальных вложений в СССР, М., 1907; Чернивский В. О., Эффективная экономики. М., 1967.

С. Саидмуродов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …