Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Мамнӯъгоҳи РЕПЕТЕК

Мамнӯъгоҳи РЕПЕТЕК

РЕПЕТЕК, мамнӯъгоҳест дар қисми марказии Қароқуми Шарқӣ. 70 километр ҷанубтар аз шаҳри Чорҷӯй воқеъ аст. Соли 1928 бо мақсади муҳофизат ва омӯхтани комплекси табиии биёбони регзор дар стансияи Репетек (1912) ташкил карда шуд. Яке аз ҷойҳои гарм-тарини Союз Советских Социалистических Республик СССР (ҳарорати баландтаринаш 50 Селсия; боришоти миёнаи солона 114 миллиметр). Масоҳаташ 34,6 ҳазор гектар. Дар ин ҷо растаниҳои ба биёбони Қароқум хос —        саксавули сафед ва сиёҳ, сӯзанбарги ҷалғӯзадор, ақоқиё, боялич, ғеша, лолаарӯсак, ревоҷ ва ғайра мерӯянд. Олами ҳайвоноташ гуногун аст: беш аз 1000 намуди ҳашарот (гамбуск, парвона, кана, мӯрча ва ғайра), аз хазандагон 13 намуди калтакалос (офтобгардак, геккон, сусмор ва ғайра). 8 намуди мор (мори афъӣ, тирмор, мори печон, мори чипор ва ғайра), сангпушти даштӣ, 196 намуди паррандагон (гунҷишк, эзорсурхак, зоғ, фотимачумчуқ ва ғайра), 20 намуди ширхӯрон (юрмон, тавушқон. харгӯш, хорпушт, хаз, гурба, бузи ваҳшӣ ва ғайра).

m-repetek

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …