Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЛУБИЁИҲО

ЛУБИЁИҲО

lubioihoЛУБИЁИҲО (Leguminosae), оилаи растаниҳои дупаллагӣ, ки дар ҳамаи ноҳияҳои кураи Замин васеъ паҳн шудаанд. Баргҳо оддӣ ё мураккаб, гулҳо бештар дар гултӯда буда, 5 (баъзан 4) гулбарг доранд; гулбарги болои байрақ, ду гулбарги паҳлуи бел, ду гулбарги майдатарини дигар заврақча номида мешаванд. Лубиёиҳо одатан 10 (баъзан зиёд) гардбарг доранд.

Лубиёиҳо қариб 700 ҷинс ва зиёда аз 1200 намуди растаниҳои яксола ва бисьёрсолаи алафӣ, нимбутта, бутта, баъзан дарахтиро дарбар мегиранд. Дар СССР зиёда аз 60 ҷиня ва 1800 намуд, дар Тоҷикистон 55 ҷинс ва 550 намуди Лубиёиҳо мерӯянд.

Лубиёиҳо яке аз оилаи муҳимтарини растаниҳои пӯшидатухм мебошанд. Дар байни онҳо растаниҳои қимматбаҳои доруӣ, ороишӣ, хӯрокӣ ва ғ. хеле бисьёранд. Тухми нахӯд, лубиё, наск ва ғ. миқдори зиёди сафеда доранд. Кирмина, юнучқа, себарга, эспарцет ва ғ. беҳтарин растаниҳои хӯроки чорво мебошанд. Афсонак, қашқарбеда ва ғ. растаниҳои доруӣ ба шумор мераванд. Ба намудҳои ороишии Лубиёиҳо нахӯди хӯшбӯй, ақоқиё, глициния ва ғ. мисол шуда метавонанд.

Муносибати симбиозии Лубиёиҳо бо бактерияҳои азотандӯз, ки дар решаи Лубиёиҳо мешаванд, хусусияти муҳими биологии онҳо мебошад. Бактерияҳои азотандӯз (Bacterium rodicicola) карбогидратҳои Лубиёиҳоро истифода бурда аз нитрогени озоди ҳаво пайвастҳои нитрогении барои растанӣ зарур ҳосил мекунанд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Д., 1978.

М. Расулова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …