Маълумоти охирин

Лона

ЛОНА – ҷойест, ки паррандаҳо ва ҳайвонҳои дигар барои парвариши насл ва баъзан ҷӯй паноҳгоҳ ме­созанд.  Лонаро ба забони руссӣ «Гнездо» ва ба забони англисӣ «nest» меноманд. Лонаи ҳайвонҳо хеле гуногун аст: масалан Лонаи ҳаштпойҳо чуқурчаи бо санг иҳоташуда, тортанакҳо пиллаи аз тор бофташуда, занбӯрҳо чашмаки аз хок бо луоби даҳон часпонидашуда, қурбоққа найчаи аз барг печонидашуда ва ғайра мебошад.

Лона

Лонаи мурғшаклҳо ва лойхӯрак чуқурчаи оддиест, ки аз баргу шохчаҳои растанӣ сохта шудааст. Лонаи ёҳу аз тӯдаи боқимондаи растаниҳо, ки мобайнаш новшакл аст, иборат мебо­шад. Бисьёр паррандаҳо Лонаи мустаҳками ҷомшакл месозанд. Лонаи баъзе паррандаҳо рости шармонанд, байзашакл ё колбашакл буда, аз паҳлу ё интнҳои дарозрӯя сӯрох до­ранд. Масолеҳ ва ҷои Лонасозии пар­рандаҳо низ гуногун аст. Масалан фароштурук кулухчаҳои лойро бо луо­би даҳон пайванд карда Лона месозад. Лонаи баъзе досакҳои тропикии тамоман аз луоби даҳони дар ҳаво сахтшуда иборат аст.

Лонаи термитҳо
Сурати лонаи термитҳо

Аз ширхӯрҳо бисёртар хояндаҳо Лона месозанд. Бисьёрии ҳайвонҳо Лонаро танҳо месозанд. Лонаи колониалӣ (умумӣ) ба занбӯр­ҳо, мӯрчаҳо, термитҳо ва ғайра хосанд. Лонаҳои онҳо асосан васеъ ва мураккаб (бисёрқабата ва бисёрхонагӣ) мешаванд. Баъзан дар ҳайвонҳо ло­насозии омехта (масалан дар мурчаҳои ҷангалии бӯр ва симбиозӣ ё ки дар терминҳо ва мурчаҳо) низ дучор мешавад.

Одатан Лона ба муддати як мавсими инкишоф хизмат меку­над, вале термитҳо, занбӯрҳо, мӯр­чаҳо, инчунин паррандаҳои калон Лонаи худро якчанд сол истифода мебаранд. Лонаи як қатор ҳайвонҳо (санҷоб, ондатра, мири мушон, гунҷишкҳо ва ғайра) ҷӯй паноҳгоҳ хизмат мекунанд.

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …