Маълумоти охирин

Лона

ЛОНА – чойест, ки паррандахо ва хайвонхои дигар барои парвариши насл ва баъзан чуй панохгох ме­созанд.  Лонаро ба забони русси «Гнездо» ва ба забони англиси «nest» меноманд. Лонаи хайвонхо хеле гуногун аст: масалан Лонаи хаштпойхо чукурчаи бо санг ихоташуда, тортанакхо пиллаи аз тор бофташуда, занбурхо чашмаки аз хок бо луоби дахон часпонидашуда, курбокка найчаи аз барг печонидашуда ва гайра мебошад.

Лона

Лонаи мургшаклхо ва лойхурак чукурчаи оддиест, ки аз баргу шохчахои растани сохта шудааст. Лонаи ёху аз тудаи бокимондаи растанихо, ки мобайнаш новшакл аст, иборат мебо­шад. Бисьёр паррандахо Лонаи мустахками чомшакл месозанд. Лонаи баъзе паррандахо рости шармонанд, байзашакл ё колбашакл буда, аз пахлу ё интнхои дарозруя сурох до­ранд. Масолех ва чои Лонасозии пар­рандахо низ гуногун аст. Масалан фароштурук кулухчахои лойро бо луо­би дахон пайванд карда Лона месозад. Лонаи баъзе досакхои тропикии тамоман аз луоби дахони дар хаво сахтшуда иборат аст.

Лонаи термитхо
Сурати лонаи термитхо

Аз ширхурхо бисёртар хояндахо Лона месозанд. Бисьёрии хайвонхо Лонаро танхо месозанд. Лонаи колониали (умуми) ба занбур­хо, мурчахо, термитхо ва гайра хосанд. Лонахои онхо асосан васеъ ва мураккаб (бисёркабата ва бисёрхонаги) мешаванд. Баъзан дар хайвонхо ло­насозии омехта (масалан дар мурчахои чангалии бур ва симбиози ё ки дар терминхо ва мурчахо) низ дучор мешавад.

Одатан Лона ба муддати як мавсими инкишоф хизмат меку­над, вале термитхо, занбурхо, мур­чахо, инчунин паррандахои калон Лонаи худро якчанд сол истифода мебаранд. Лонаи як катор хайвонхо (санчоб, ондатра, мири мушон, гунчишкхо ва гайра) чуй панохгох хизмат мекунанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …