Маълумоти охирин
Главная / Илм / СЕМАНТИКАИ МАНТИҚӢ

СЕМАНТИКАИ МАНТИҚӢ

СЕМАНТИКАИ  МАНТИҚӢ (аз юнонӣ semanticos— ифодакунанда), як қисми мантиқро гӯянд, ки муносибати ифодаҳои забонӣ ва мазмуни мафҳуму муҳокимаҳои дар он истифодашударо меомӯзад. Маъмулан ҷиҳати маъноии калимаҳо, ки бо ёрии онҳо мафҳумҳо ва муҳокимаҳои гуногун дар Семантикаи мантиқӣ ифода меёбанд, тадқиқ карда мешавад. Семантикаи мантиқӣ асоси як қатор фаслҳои мантиқ, аз ҷумла пазарили хулосабарории дедуктивӣ, назарияи индуксия ва методологияи илмҳои дедуктивӣ мебошад.

Семантикаи мантиқиро одатан ба назарияи референсия (ифодакунӣ) ва назарияи маънӣ (қимат) тақсим мекунанд. Назарияи референсия муносибати аломатҳоро ба объектҳои ифодакунанда меомӯзад. Категорияҳои асосии назарияи референсия ном, ифодакунӣ, муайяншавӣ, иҷрошавӣ, ростӣ ва ғайра мебошад. Назарияи маънӣ бошад, ҳанӯз то дараҷаи назарияи референсия амиқ ва ҳаматарафа тадқиқ нашудааст. Дар он муносибати аломатҳо ба мазмуни объектҳои ифодашаванда омӯхта мешавад. Дар назарияи маънӣ мафҳумҳои маънӣ, синоними ифодаҳои забонӣ, ростии аналитикӣ, мантиқӣ ва ғайра таҳлил мешаванд.

Дар Семантикаи мантиқӣ ба таҳлили сабабҳои пайдоиши хориқа (парадокс)-ҳо ва мушкилиҳо, ки ҳангоми таҳлили семантикии категорияҳои ифодаи забонӣ ба вуҷуд меоянд, диққати махсус дода мешаванд.

Семантикаи мантиқӣ бо масъалаҳои назарияи маърифат, онтология ва дигар фаслҳои фалсафа робитаи узвӣ дорад.

Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …