Маълумоти охирин

Лочин

ЛОЧИН (Falco peregrinus), паррандаи соҳибчанголест аз оилаи Falconidae ва ӯро ба забони руссӣ «Сапсан» мегӯянд. Дарозии танаш 40—50 см; вазнаш 500—1000 грамм. Лочин модина аз Лочин нарина калонтар аст. Ранги Лочин хокистарии сиёҳтоб бу­да, дар шикам ва пушташ хатҳои кундаланг дорад. Болҳояш дарози тез, дар ҳама ҷо (ғайр аз Антарктика ва қисми зиёди Америкаи Ҷанубӣ) вомехӯрад.

Лочин

Дар Россия аз тундра то сарҳадҳои ҷанубӣ зиндагӣ мекунад; дар дарахтҳо, камари харсангҳо, за­мин, баъзан дар сохтмонҳо (бурҷ, манора ва монанди инҳо) лона сохти 2—6 тух­ми хокистарӣ мегузорад ва онҳоро модина 28 шабонарӯз зер мекунад. Xӯроки асосии Лочин—паррандаҳо (кафтар, кабк ва ғайра) мебошад.

Дар Тоҷикистон дар қаторакӯҳҳои Ҳисор, Боботоғ, Оқтоғ ва ноҳияҳои ба онҳо ҳамшафат вомехӯрад. Дар ҷойҳои зимистонузарони дар вақти кӯч доимо ҳамроҳи мурғобӣ, лойхӯрак ва дигар паррандаҳои наздиобӣ мебошад. Вақти кӯчи Лочин ба ҷои зимистонгузаронӣ ба миқдори хӯрок вобаста аст. Лочин дар Осиёи Миёна аз замонҳои қадим чун паррандаи шикорӣ ром карда мешавад.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛОЧИН

Бо ёрии Лочин аҳолии маҳаллӣ кабк, рӯбоҳ, харгӯш, кафтар ва дигар ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Лочин паррандаи нодир аст. Вай ба «Китоби сурхи ҳайвонҳои нодир ва нестшаванда»-и байналхалқӣ дохил карда шудааст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …