ЛЮМПЕН-ПРОЛЕТАРИАТ (аз нем. Lumpen — ӯбада, ҷанда), қашшоқон, авбошон, фоҳишаҳо ва ба ҳамин монанд унсурҳои мамлакатҳои капиталистӣ, ки симои синфии худро гум кардаанд ва касбу кори муайяне надоранд. Дар шароити ҷамъияти буржуазӣ, ки бекорӣ ва қашшоқии оммаи халқ ҳамеша вуҷуд дорад, Люмпен-пролетариат ҳодисаи ногузир аст. Буржуазия оммаи Люмпен-пролетариатро ба мақсадҳои реакционии худ истифода карда, аз байни онҳо дастаҳои фашистӣ, гатрейк-брехерҳо, қотилони зархарид ташкил мекунад. Баробари барҳам хӯрдани капитализм Люмпен-пролетариат низ барҳам мехӯрад.