Маълумоти охирин

Лиф

ЛИФ (ба забони руссӣ «флоэма») – ин бофтаи мураккаби растаниҳои дараҷаи олӣ, ки дар байни қабатҳои камбий ва перицикл ҷойгир шуда, вазифаи ба узвҳои гуногуни растанӣ гузаронидани моддаҳои органикӣ ва минералӣ, инчунин функцияҳои захира кардани моддаҳо, механикӣ ва ҷудокуниро иҷро мекунад. Лиф аа найчаҳои гузаронанда (элакшакл), паренхимаи лифӣ ва нахҳои лифӣ иборат аст.

Лиф

Лиф ду хел мешавад: якумин ва дуюмин. Лифи якумин аз прокамбий ҳосил шуда ба сархас, ушна, ҷилбанд ва растаниҳой пӯшидатухми якпалагӣ хос аст, ҳосилшавии Лифи дуюмия ба фаъолилти камбий вобаста аст. Дар ҳуҷайраҳои зиндаи Лиф крахмал, равған ва дигар моддаҳои органикӣ захира мешаванд. Аз нахҳои лифӣ сабат, арғамчин ва ғайра мебофанд. Лифpo чун ашьёи хоми бофандагӣ низ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …