РУДОЛФ (Rydolf), кули баста ва обаш каме шӯр дар Африкаи Шарқӣ, дар Кения. Дар пастхамии тек¬тоникӣ, дар баландии 375 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Тӯлаш 220 км, ба¬раш то 50 км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км2. Чуқуриаш то 73 м.
Ба кӯл дарёи Омо ва як қатор дарёҳои дигар мерезанд. Дар канори ҷанубии кӯл вулқони амалкунандаи Телеки воқеъ аст. Дар Рудолф қариб 40 намуди моҳӣ, инчунин тимсоҳ, баҳмут ҳаст. Кӯлро соли 1888 сайёҳони маҷорӣ Шарқи Телеки ва австриягӣ Л. Фон Хёнел кашф карда, ба шарафи шоҳзодаи Австрия Рудолф номидаанд.