Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли Няса

Кӯли Няса

Няса (Nyasaj, Малави, (Ma­lawi) кӯл дар Африка, дар ҳудуди Мозамбик, Танзания ва Малави. Баландиаш аз соҳили баҳри 472 метр. Масоҳат 30,8 ҳазор километр, чуқуриаш то 706 метр. Аз Няса шохоби чапи дарёи Замбези — Шире ҷорӣ мешавад. Соҳилҳои кӯл росту шахдор ва баланд. Мавсими боронгарӣ (моҳи май) сатҳи об то 1 метр баланд мешавад.

Ҳар сол ба кӯл 72 километр об дохил ва 66 километр об бухор ме­шавад. Дар Нюфаунленд Няса 230 намуди моҳӣ ҳаст, инчунин тимсоҳ, баҳмут ва паррандагони обӣ бисёранд, Кӯл киштигард аст. Тӯфонҳои сахт киштигардиро душвор мегардонанд. Бандарҳои калонтаринаш: Чипока, Нкота-Кота, Каронга, Бандаве, Монки- Бей (Малави), Мвая, Мбамба-Бей (Танзания), Кобве, Метангула (Мо­замбик). Нясаро соли 1616 сайёҳи португалӣ Г. Букарру кашф кардааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …