Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кони ангишти Шӯроб

Кони ангишти Шӯроб

ШӮРОБ (кони ангишти Шӯроб), кони ангишти буриет, ки дар доманаи шимоли қ-куҳи Туркистон, дар ҳудуди р-ни Исфараи вил. Ленинобод ва р-ни Лайлаки вил. Уши РСС Кирғ. воқеъ гаштааст. Аз ст. Конибодом (дар хати р. о. Хавос-Қуқанд) то кони Ш. шохаи р. о. (56 км) кашида шудааст. Масоҳ. умумим кони Ш 250-300 км2 буда, аз қисмҳои ғарбӣ (дар РОС Қирғ.) ва шарқӣ (дар РСС Тоҷ) иборат аст. Ба қисми ғарбӣ майдонҳои Шуроб-3, Ғарм, Мадиген ва ба қисми шарқӣ майдонҳои Шӯроб-1, Шуроб-II ва Самарқандак дохил мешаванд. Дар ин майдонҳо қабатҳои ангишт ба руи замин наздик хобидаанд. Ноҳияи кон аз тахнишастҳои палеозой ва давраҳои юра, табошир, палеоген, неоген ва даврам чорумин таркиб ёфтааст. Тахнишастҳои палеозой аз варақсангу оҳаксангҳо ва таҳнишастҳои давраи юра аз гил, алевролитрегсанг, конгломерат иборатанд. Ангишт дар табақаи ҷинсҳои юраи поён ва миёна дар шакли қабату линзаҳои ғафс ва тунук хобидааст. Миқдори қабатҳои ангишт, тӯлу ғафсии қабатҳо ва чуқурии хобиши онҳо як хел нест. Бисьёр қабатҳо тунук буда, аз онҳо ангишт истихроҷ намекунанд. Дар майдони Шӯроб-I ҳамагӣ 10 қабати ангишт буда, фақат як қабати ғафстари он (0,5—20,4 м) истихроҷист. Дар майдони Шӯроб-II аз 27 қабати ангишт танҳо 12-тояш истихроҷӣ мебошад. Аз 14 қабати ангишти майдони Самарқандак 13-тоаш аз ҷиҳати ғафси ба истихроҷшавӣ мувофиқ меоянд. Майдони Шуроб-3 аз қабатҳои ангишт бой аст.

koni-angishti-shurob

Дар ин ҷо ҳамагӣ 53 қабати ангишт мавҷуд аст, ки ғафсии умумиашон ба 123 м мера сад. Ангишти Ш. аз қадимулайём маълум бошад ҳам, истихроҷи он аз с. 1300 оғоз ёфт (баъзе шахсони алоҳида ба миқдори кам ангишт мегирифтагӣ шуданд). Истихроҷи саноатии ангишт с. 1939 cap шуд. Ҳоло кон дар ихтиёри Управленияи тоҷикистонии Иттиҳодияи конҳои «Средазуголь» мебошад. Ҳар сол аз кони Ш. 250 ҳаз. т. ангишт истихроҷ мекунанд. Ангишти Ш.-ро дар корхонаҳои саноатии Осиёи Миёна ва дар таъминоти рӯзгории аҳолӣ ба сифати сӯзишворӣ истифода мебаранд.

З. А. Иоффе.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …