Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚАШҚАДАРЁ

ҚАШҚАДАРЁ

ҚАШҚАДАРЬЁ (поёнобаш Майманоқдарьё), дарьёест дар вил. Қашқадарьёи РСС Узб. Тулаш 378 км, масоҳ. ҳавзааш 8780 км2. Қ. аз шохаҳои ғарбии қ-куҳҳои Зарафшону Ҳисор ибтидо ёфта, аввал аз водии тангу чуқур ва аз деҳаи Дуоб дар водии васеъ ҷорӣ мешавад. Шохобҳои асосиаш: Ҷиннидарьё, Оқсу, Танхоздарьё, д. Яккабоғ (Қизилдарьё) ва д. Ғузор. Манбааш барфу борон. Сарфи об ба ҳисоби миёна 266 км дуртар аз резишгоҳ 24,9 m сон аст. Оби Қ- асосан барои обёрии заминҳо истифода мешавад ва дар дашти Қаршӣ дарьё ба охир мерасад. 1. ба воситаи канали Эскиандор аз д. Зарафшон об мегирад. Дар Қ. обанбори Чимқурғон ва дар д. Ғузор обанбори Пачкамар сохта шудаанд.

daryo

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …