Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович

ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович

ҚАНДИНОВ Лев Пиндосович (тав.22. 1. 1932, ш. Фарғона), нависанда ва тарҷумони советии тоҷик. Ба русӣ эҷод ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума мекунад. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1965. УДТ-ро хатм кард (-1965). Дар идораҳои газетаҳои республикавӣ ва ж. «Тоҷикистон» ходими адабӣ, тарҷумон, мудири шуъба (1951—63), ёрдамчии Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷ. (1963—74), сармуҳаррири киностудияи «Тоҷикфилм», раиси комиссияи эҷодии Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (1974—82) буд. Аз с. 1982 мудири Шуъбаи умумии Совети Вазирони РСС Тоҷ.

Фаъолияти эҷодии Қ. аз миёнаи с-ҳои 50 оғоз ёфтааст. Қ. муаллифи як силсила очеркҳо оид ба одамоии номдори республика, повестьҳои «Дил ба умед» (1971), «Ҳамчун дигарон меҷангид» (1983) мебошад, ки бо як силсила ҳикоёташ дар маҷмуаҳои «Хотира» (1971) ва «Хотираи абадӣ» (1983) фароҳам омадаанд.

Қ. асарҳои Ҷ. Икромӣ, Назаров, А. Сидқӣ, К. Акобиров, М. Наҷмиддинов, Ф. Ннёзӣ, Раҳим Ҷалил, Ш. Ҳаниф ва дигаронро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Аз с. 1965 узви ИН СССР.

Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1986.

Д.Холмуродов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …