Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ҚАНДАҲОР

Шаҳри ҚАНДАҲОР

ҚАНДАҲОР, шаҳрест дар ҷануби Афғонистон. Дар доманаи к-ҳои Ҳиндукуши Ғарбӣ, дар сари роҳи калони автомобилгарди Кобул — Қандаҳор — Ҳирот воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии музофоти Қандаҳор. Аҳолиаш 209 хаз. наф. (1975). Қ. маркази яке аз соҳаҳои асосии боғдорист. Бозори калони қолин, пусти қароқулӣ, пуст, чарм ва чорво. Дар Қ. ф-каи матоъҳои пашмин, з-ди консерви мева, корхонаҳои коркарди металӣ ва мошинсозӣ, музеи таъриху этнография мавҷуданд. Аэропорт дорад. Дар наздикии шаҳр мармар мегиранд.

kandahor

Қ- яке аз шаҳрҳои қадимист, ки буньёди онро ба Искандари Макдунӣ нисбат медиҳанд. А-ҳои 12—13 Қ. маркази калони тиҷорат буд. Дар а. 13 Қ.-ро аввал Чингишхон, сипас ҳокимони сулолаи Куртҳо забт карданд. Аз ох. а. 14 тобеи давлати Темуриён буд. Азбаски дар а-ҳои 16—17 Қ. маркази муҳимми тиҷоратию стратегӣ буд, барои ба даст даровардани он дар байни Сафавиён ва Темуриёни Ҳинд мубориза мерафт.

Аз миёнаҳои а. 17 тобеи ҳокимияти Сафавиён гардид. С. 1709 аҳолии Қ. ва вилоятҳои он бар зидди Сафавиён шуриш бардоштанд, ки дар натиҷа хонии Ғилзой (марказаш Қ.) ба вуҷуд омад. С. 1738 шаҳр аз ҳуҷуми Нодиршоҳи Афшор хеле хароб гардид; дар наздикии он шаҳри дигаре сохта, Нодиробод номиданд. Шаҳри харобгаштаи Қ.-ро Аҳмадшоҳи Дурронӣ аз нав буньёд карда, Аҳмадшоҳ номид ва онро пойтахти давлати Дуррониён (то 1773—74) қарор дод. С-ҳои 1818—55 Қ. маркази хонии Қандаҳор буд. С. 1885 Қ.-ро Дустмуҳаммадхон забт карда, онро ба ҳайати Афғонистон дохил намуд.

Аз ёдгориҳои меъморӣ дар Қ. мақбараи Аҳмадшоҳ (а. 18) боқӣ мондааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …