Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАЛЪАИ ХУМ

ҚАЛЪАИ ХУМ

ҚАЛЪАИ ХУМ, яке аз марказҳои маъмурӣ, бекнишин дар ҳудуди аморати Бухоро. Мувофиқи баъзе ривоятҳо ин мавзеъ аз сабаби дар чуқурии байни куҳҳо воқеъ ва ба хум — куза монанд буданаш «Қалъаи Хум» ё «Қалъаи Хумб» ном гирифтааст. Аз руи ривояти дигар гуё дар ин ҷо хуми калони сангине будааст, ки сарбозони амири Бухоро с. 1878 вақти ишғоли Қ. онро шикастаанд. Пораҳои онро Б. Л. Громбчевский ва А. А. Семёнов дидаанд ва гуё вай дар давраи Искандари Мақдунӣ сохта шуда бошад ва номи «Қалъаихум» ҳам аз ҳамин ҷо баромадааст. Ҳокимони сулолаи маҳллӣ низ худро аз авлоди Искандари Мақдунӣ (Шоҳискандар) донистаанд.

Дар бораи маркази маъмурию маданӣ будани Қ. маълумоти аниқ аз ибт. а. 17 мавҷуд аст. Қ. то с-ҳои 70 а. 19 пойтахти шоҳии Дарвоз ва баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардани ин ноҳия (1878) пойтахти бекии Дарвоз ҳисоб меёфт.

  1. Пирумшоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …