Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ ХУҶАНД

ҚАЛЪАИ ХУҶАНД

ҚАЛЪАИ ХУҶАНД, қисми таркибии истеҳкомии ш. Хуҷандро гуянд. Қ. X. яке аз калонтарни қаъаҳои Осиёи Миёна буда, таърихи 2500-сола дорад. Онро Экспедицияи археологии комплексии шим. Тоҷикистон тадқиқ кард. Қалъа дар а-ҳои 6—5 то м. бино шуда, аввал садди хокӣ, сонитар девори нисабатан ғафси бо хишти хам сохташуда дошт. Қисмҳои таркибии Хуҷанди қадима (шаҳру арк) деворҳои алоҳида доштанд ва бо хандаки васею чуқурк пуроб иҳота шуда буданд. Осори ин истеҳкомҳо дар қисми марказии Ленинобод (соҳили чапи д. Сир) ёфт шуданд (масоҳ. тақр. 20 га).

khodjent-8

Дар натиҷаи инкишофи иқтисодиёт, савдо ва афзудани шумораи аҳолӣ шаҳр васеъ шуда, дар а-ҳои 6— 7 м. қалъаи нави Хуҷанд сохта шуд. Ҳудуди Қ- X. аз куҳандиз, шаҳристон ва работ иборат буд. С-ҳои 721 —722 лашкари араб ба муқобили истеҳкомҳои Хуҷанд манчаниқҳои худро гузошта бошанд ҳам, хуҷандиён онҳоро дар назди дарвозаи работи шаҳр торумор карда буданд.

Хуҷанд дар асрҳои миёна яке аз қалъаҳои пуриқтидори Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Дар замони истилои Чингизхон (1219—20) барои муҳосираи ин шаҳр лашкари махсуси 25-ҳазораи муғулҳо ва 50 ҳаз. асирони маҳаллии Осиёи Миёна барангехта шуда буданд. Дар наздикии Қ. X. ва ҷазираи дар д. Сир будаи шаҳр муҳорибаҳои фидоёни хуҷандӣ бо сардории Темурмалик бо муғулҳо саҳифаи дурахшоне дар таърихи муборизаи озодихоҳии тоҷикон буд. Дар натиҷаи истилон муғулҳо Қ. X. хароб гардид, ки онро Ҳофизи Абру тасвир кардааст. Аммо дар ох. а. 15 мувофиқи маълумоти Бобур, куҳандизи Хуҷандро таъмир намуда ҳамчун қароргоҳи ҳокими маҳаллӣ истифода мебурданд.

Дар ибт. а. 18 бо ташаббуси ҳокими шаҳр Оқбутабек Хуҷанд бо ҳудуди наваш бо деворҳои похсагини ғафс иҳота карда шуд, ки бо ҷузъҳои фортификационии замонавӣ: парапечу валганг, бурҷҳои мудаввару росткунҷа, дарвозаҳои истеҳкомдор, хандақҳои берунӣ хеле мустаҳкам гардид. Хуҷанд дар баъзе самтҳояш деворҳои дуқабата дошт. Дар ҳамон вақт куҳандизи дохилии шаҳр низ аз нав таъмир шуда, деворҳои пешина бо қабатҳои похсагини нав руйбаст карда шуданд ва дар арки куҳандиз қасри нави ҳоким буньёд гардид. Дар а-ҳои 18—19 Қ. X. борҳо ба майдони задухурдҳои қушунҳои Аморати Бухоро ва Хонин Хуқанд табдил ёфта, харобу аз нав таъмир шуда буд. Дар с. 1866 Қ X. ба арсаи задухурди охирини қушунҳои Россияи подшоҳӣ ва сарбозони ҳокими маҳаллӣ табдил ёфта, хеле хароб гардид. То замони мо танҳо ду қитъаи он (дар самти ғарбии Ленинобод) боқӣ мондааст.

Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …