Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Исломии Эрон

Ҷумҳурии Исломии Эрон

iran1

ЭРОН, Ҷумҳурии Исломии Эрон, давлатест, дар Осиёи Ҷан-Ғарбӣ. Аз шим. бо СССР, аз ғарб бо Туркияю Ироқ, аз шарқ бо Афғонистон ва Покистон ҳамсарҳад аст. Э.-ро аз шим. б. Каспий, аз ҷануб хал-ҳои Форс ва Уммон иҳота кардаанд. Масоҳ. 1648 ҳаз. км2. Аҳолиаш 43,7 млн наф. (1985), аҳолии шаҳрӣ 44% (1976). Дар Э. зиёда аз 30 миллат ва халқият зиндагӣ мекунанд; тақр 50% аҳолӣ форсҳо, инчунин озорбойҷониҳо, курдҳо, ва диг. зиндагонӣ мекунанд. Забони расмӣ — форсӣ. Динашон—ислом. Э. ба 21 остон (вилоят) ва 2 генерал-губернаторӣ тақсим шудааст. Пойтахташ ш. Теҳрон. Мувофиқи конституцияи 1979 роҳбари Э. Оятулло Руҳулло Ҳумайнӣ мебошад, ки у ба фаъолияти органҳои қонунгузор, иҷроия ва суд раҳнамоӣ ва назорат мекунад, у инчунин сарфармондеҳи олист. Органи олии қонунбарор — парламенти якпалатагӣ — Маҷлиси Шурои миллӣ (Маҷлис). Сардори ҳокимияти иҷроия — президент, ки аз тарафи халқ, ба муҳлати 4 сол интихоб мегардад.

Қисми зиёди Э.-ро паҳнкуҳи Эрон ишғол кардааст; дар шим. қаторкуҳи Албурс (вулқони Дамованд, 5604 м) ва дар ҷан. ғарб системаи куҳии Зогрус воқеъ гаштаанд. Иқлимаш субтропикии континентӣ ва хупгк (ҳарор. миёнаи янв. 2°С, июль 29С, Теҳрон), дар соҳили хал-ҳои Форс ва Уммон — тропикӣ (ҳарор. миёнаи янв. 19С, июль 32С, Ҷаск). Боришоти солона дар қисми зиёди Э. аз 50 то 500 мм, дар нишебиҳои Албурс ва пастиҳои ҷануби Каспий то 2000 мм. Ландшафти Э., асосан биёбонӣ ва нимбиёбонист.

Дар ибт. ҳазораи 3 то м. дар сарзамини Э. аввалин ҷамъияти синфӣ ба вуҷуд омад; дар нимаи а. 6 то м. давлати ғуломдории ибтидоии Ҳахоманишиён вуҷуд дошт. Дар а-ҳои 3—7 м. дар аҳди Сосониён феодалкунонии ҷамъият cap шуд. Дар нимаи а. 7 Э.-ро арабҳо забт карданд. Дар миёнаи а-ҳои 11—12 дар тасарруфи салҷуқиҳо, дар а. 13—миёнаи а. 14 дар тасарруфи сулолаи муғулии Ҳалокуиён буд. Дар авв. а. 16 давлати Сафавиён барпо шуд (то с. 1736), аз ох. а. 18 коҷорҳо ба сари ҳокимият омаданд (то 1925). Ох-ҳои а. 19—авв. а. 20 Э. ба ниммустамликаи мамлакатҳои империалистӣ (асосан Британияи Кабир ва Россия) табдил ёфт. С-ҳои 1905—11 революцияи зидди империалистӣ ва зиддифеодалӣ ба вуҷуд омад. Баъд аз Рев. Октябри 1917 Ҳукумати Советӣ ҳамаи шартнома ва созишномаҳои нобаробарҳудуро, ки аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ баста шуда буд, бекор кард. С. 1920 бо РСФСР алоқаи дипломатӣ ва с. 1921 байни ҳукумати Советӣ ва Эрон шартнома баста шуд. С. 1925 диктатураи помещению буржуазии Ризошоҳи Паҳлавӣ ба сари давлат омад. Аз нимаи дуюми солҳои 30 нуфузи Германияи фашистӣ дар Э. зиёд шудан гирифт. С-ҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҳукумати Советӣ маҷбур шуд, ки қушунҳои худро муваққатан (авг. 1941) ба хоки Э. дарорад; дар як вақт ба ин ҷо қушуни Англия, ох. 1942 қисмҳои ҳарбии Америка низ даромаданд (баробари хотима ёфтани ҷанг қушунҳои иттифоқчиён аз Э. бароварда шуданд); сент. 1041 Ризошоҳи Паҳлавӣ тарки тахту тоҷ намуд. Ба ҷои у писараш Муҳаммад Ризошоҳи Паҳлавӣ ба тахт нишаст. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, торумор шудани Германияи фашистӣ ва Японияи миллитаристӣ, барои вусъат ёфтани ҳаракати демократию зиддиимперыалистӣ с-ҳои 1945—46 дар Э. шароит муҳайё шуд. Ба ин ҳаракат Партияи халқии Эрон (ПХЭ, Ҳизби тудаи Эрон, таъсисаш 1941), ки давомдиҳандаи кори Партияи коммунистии Эрон (ПКЭ, таъсисаш 1920) буд, роҳбарӣ кард, аммо пахш карда шуд. С. 1951 дар бораи миллӣ кунонидани саноати нефт қонун баромад, аммо иҷрои он аз тарафи реакцияи Э. бо ёрии империалистони Америка) Англия қать гардид. С. 1955 Э. ба пакти Бағдод—СБИТО дохил шуд (с. 1979 аз он баромад). Дар авв. с-ҳои 60 муборизаи оммаи халқ бар зидди дар Э. cap даровардани империализми хориҷӣ ва барои озодии демократӣ пурзур гардид. Дар ин шароит ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади пешгирӣ кардани буҳрони иқтисодию сиёсӣ ба як қатор ислоҳот роҳ дод. Ислоҳоти аграрӣ, сарфи назар аз маҳдудиятҳояш, барои дар хоҷагии қишлоқ вусъат ёфтани муносибатҳои капиталистӣ имкониятҳои зарурӣ фароҳам овард. Дар саноат низ тағйироти муҳим ба амал омад. С. 1978 ҳаракати пурзури халқӣ барои табаддулоти демократӣ ва нест кардани мутлақият ба вуҷуд омад, ки ба революцияи зидди империалистӣ, миллӣ-озодихоҳона мубаддал шуд. С. 1979 Республикаи Исломӣ эълон карда шуд. С-ҳои 60—70 дар бораи ҳамкории иқтисодӣ бо СССР созишномаҳо баста шуда буд.

iran

Э. мамлакати аграрию саноатнст. Дар иқтисодиёташ саноати нефт мавқеи асосӣ дорад. Саноати истихроҷи нефт (1973), банк, корҳои суғурта ва корхонаҳои калони саноатӣ (1979) миллӣ кунонда шуд. Дар х. қ. 42% аҳолии қобили меҳнат банд аст (1976). Заминҳои киштукор қариб 19 млн га, қисми зиёдаш сунъӣ обёрӣ мешавад, аз ҷумла ба бештар аз нисфаш ғалладона (гандум, ҷав, шолӣ — ҷамъоварии умумӣ қариб 9 млн т) ва зироатҳои лубиёгӣ, пахта (400—500 ҳаз. т), лаблабуи қанд, тамоку мекоранд; меваҷот, чормағз, ток, хурмо мепарваранд. Гусфанд (34,5 млн cap, с. 1983), буз (13,55 млн cap), моли калони шохдор (8828 ҳаз. cap), хар ва г. мепарваранд. Истихроҷи нефт 255 млн т, 1978, ҷои 3-юм дар дунъёи капиталистӣ; (106 млн т. с. 1984), гази табиӣ (44 млрд м3 с. 1979, 6,8 млрд м* с. 1984). Саноати коркарди нефт, бофандагӣ ва хурокворию адвиёт тараққӣ кардааст. Корхонаҳои саноати металлургия, мошинсозӣ, химияи нефт, цемент, коркарди чуб дар тараққист. Косибию ҳунармандӣ (қолинбофӣ, мисгарӣ, заргарӣ ва ғ.) ривоҷ ёфтааст. Тули р. о. 4,6 ҳаз. км, 1984, роҳҳои автомобилгард 115 ҳаз. км, нақлиёти қубурӣ ҳам ҳаст. Бандарҳои асосӣ: Анзалӣ, Навшаҳр (дар б. Каспий). Ободон, Хуррамшаҳр, Бандари Аббос (дар хал. Форс). Ба хориҷа нефт ва маҳсулотн нефт, гилем, пахта, чарм, меваи хушк мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиащ: мамлакатҳои социалистии Европа, мамлакатҳои капиталистии Шарқи Наздик ва Европаи Ғарбӣ, Япония мебошад. Воҳиди пул — риал.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …