Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ МАЙЯ

ХАТИ МАЙЯ

ХАТИ МАЙЯ, хати яке аз халқҳои сокини Америка (қисми Мексика, Гондурас, Гватемала), ки ҳазораи 1 то мелод то асри 16 маданияти боеро ба вуҷуд овардааст. 3 навиштаҷоти калон (ба асрҳои 12—15 дахл доранд) ва навиштаҷоти зиёде дар рӯи сангҳо ба хати майя боқӣ мондааст. Рамзкушоии хати майя дар ОҒОЗИ солҳои 50 аз тарафи олими советӣ Ю. В. Кнорозои шурӯъ шудааст (соли 1977 вай барои ин кор сазовори Мукофоти давлатии СССР гардид). Вай исбот намуд, ки хати майя иероглифӣ мебошад. Он дорои 350 аломат аст, ки чанде аз онҳо калимаҳову морфемаҳо (баъзеашон овозҳои ҷудогона) ва таркибҳои овозиро ифода мекунанд. Барои таъини маънии баъзе аломатҳои хати майя детерминатҳо (аломатҳои таъини маъно) истифода мешаванд. Л. Горбачевский.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …