Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ИДЕОГРАФӢ

ХАТИ ИДЕОГРАФӢ

ХАТИ ИДЕОГРАФӢ (юнонӣ idа — ғоя, фикр ва графия), навъи хат, ки аломатҳои он ба мисли хати овозӣ ва ҳиҷоӣ на овозҳо ва ҳиҷоҳо, балки калимаҳои яклухт ё қисмҳои маънодори калимаро ифода мекунанд. Хати шумерӣ ва хитоӣ намунаи хати идеогшрафӣ мебошад. Шаклҳои қадимаи хати идеогшрафӣ дар асоси хати таснирӣ ба вуҷуд омаданд ва аввалҳо зоҳиран аз он фарқе надоштанд. Дар хати тасвирӣ таснир танҳо предмети ковкретиро мефаҳмонад (чашм, пой, хорпушт) дар хати идеографӣ бошад мафхумҳои муҷаррадро ифода мекунад (чашм—«зиракӣ», «ҳушёрӣ», ду пой — «рафтан», «гардиш», хорпушт — «хасиси»). Дар хати ҳозира баъзе ҷузъҳои хати идеогшрафӣ боқист (рақамҳо, формулаҳои математикӣ ва химияви, аломатҳои китобатӣ).
Л. А. Горбачевекий.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …